Як қадам то нокомӣ: Манижаро метавонистанд дар финали Евровидение - 2021 роҳ надиҳанд

© REUTERS \ PIROSCHKA VAN DE WOUWМанижа на Евровидении
Манижа на Евровидении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Ҳолати ногувор метавонист намоиши Русияро дар Евровидение -2021 лағв кунад
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, дар финали Евровидение - 2021 қариб, ки маҳрум мешуд.
Бино ба иттилои хабарнигори махсуси "МК", сароянда аккредитатсияи барои намоиш заруриро гум кардааст.
Манижа в финале Евровидения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Фахр мекунам": Манижа ҳунарнамоияш дар финали Евровидение - 2021 -ро шарҳ дод
Гуфта мешавад, ки дар озмун системаи махсуси гузариш ҷорӣ карда шуд, ки барои таъмини амният зарур аст.
Манижа як қадам монда буд, ки бидуни финали Евровидение -2021 монад, аммо созмондиҳандагони озмун ба ӯ иҷозат доданд, ки ҳунарнамоӣ кунад.
Ҳуҷҷати ҳунарманд ёфт шудааст ё не, муайян карда нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Душанбе Манижа Сангин дар финали Евровидение бо рақами 5 ҳунарнамоӣ кард.
Четырехметровый трофей Евровидения, напечатанный на 3D-принтере из переработанного ПЭТ-материала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение - 2021: ҷадвали пурраи натиҷаҳо
Манижа ҳам аз ҷониби ҳакамон ва ҳам аз ҷониби тамошобинон эътироф ба даст овард, аммо ин барои ишғоли мавқеи пешсаф кифоя набуд. Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманд ҷойи 9-умро ишғол кард.
Ғолибони Евровидение -2021 гурӯҳи Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni буданд.
Лентаи хабарҳо
0