Дастури Раҷабзода барои босифат сохтани толори варзишии Мурғоб: "дароз хизмат кунад"

© Пресс-центр председателя ГБАОРайон Мургаб - ГБАО
Район Мургаб - ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода ба сохтмончиёни толори варзишӣ дастур дод, ки корҳоро босифат анҷом диҳанд, то толр ба чанд насл хизмат кунад
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Хонандагони мактаби №5-и ноҳияи Мурғоб дар остонаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ соҳиби толори нави варзишӣ мешаванд ва имкон мешавад, минбаъд тамрину мусобиқаҳои варзишии худро дар чор фасли сол идома хоҳанд дод.
Ин толори варзишӣ бо кумаки мақомоти вилоят, соҳибкорони маҳалӣ ва неруи кории омӯзгорону ҷавонони маркази ноҳия сохта мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ "Ховар" дар ВМКБ.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2020
Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб
Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода зимни боздид аз толори мазкур аз бинокорон хоҳиш намуд, ки ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ равона кунанд.
"Тобистони ин ноҳияи баландкӯҳ хеле кӯтоҳ-ҳамагӣ се моҳро дар бар мегирад ва бо истифода аз рӯзҳои гарм корҳои андовакунӣ ва рангу боркунӣ бояд то охири моҳи август ба анҷом расонида шаванд. Коре кунем, ки ин толори варзишӣ барои чандин насл хизмат намояд”, - афзуд, Ҳусния Раҷабзода.
Дарозии толори варзишӣ 24 метр буда, паҳноии он ба 12 метр мерасад.
Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Канатбек Колчокбоев, ки рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи бинокорон кор мекунад, бунёди толори варзиширо барои тамрини бадан, такмили истеъдоду маҳорати варзишии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия хеле муҳим мешуморад.
Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳо аз намуди футболи хурд, волейбол, баскетбол шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
"Баргузории бозиҳои варзишӣ на танҳо ба рушди варзиш дар ноҳия кумак мерасонад, балки дӯстию рафоқати байни ду миллат -тоҷику қирғизро, ки садсолаҳо дӯш ба дӯш истода, барои ободонии ин гӯшаи дурафтодаи Тоҷикистон талош меварзанд, боз ҳам қавитар месозад", - гуфт Қолчоқбоев.
Бинокорон гуфтанд, ки толори варзиширо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода месупоранд.
Лентаи хабарҳо
0