Туркманистон "Евровидение" -и худро баргузор кард

© Sputnik / Рамиль СитдиковМонумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Дар баробари Евровидение-2021 дар Туркманистон озмуни сурудҳо баргузор гардид, ки ба 140-солагии Ишқобод бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон бахшида ба 140-солагии Ишқобод як озмуни байналмилалии эҷодӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои нашрияи ҳукуматии "Туркманистон. Асри тиллоӣ", дар ин ҷашнвора овозхонон аз Тошканд, Душанбе, Нур-Султон, Бишкек, Анқара, Албукерке ва Ереван дар формати видеоӣ ширкат варзиданд.
Сын президента Туркменистана Сердар Бердымухамедов занимает должность заместителя министра иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2020
Раисҷумҳури Туркманистон писарашро вазир таъин кард
\Овозхонҳои маъруф бо либосҳои миллии кишварҳояшон суруди наверо бо забони туркманӣ бахшида ба пойтахти Туркманистон иҷро карданд.
Қайд карда мешавад, ки дар ин чорабинӣ дуэти Ӯзбекистон "Фарҳод ва Ширин", Ҳунарманди шоистаи Қирғизистон, ғолиби озмуни "Türkmeniň Altyn asyry" Нурайим Азикбоева, солисти Ташкилоти давлатии "Казахонконцерт" Дидор Абдухолиқ ширкат карданд.
Ин чорабинӣ рӯзи 21 май баргузор шуд. Ва шоми 22 май сарояндаи машҳур Вера Базарова дар толори киною консерти "Туркманистон" ҳунарнамоӣ кард ва сурудҳо ва романсҳоро ба забонҳои арманӣ, белорусӣ, украинӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, молдавӣ, русӣ ва туркманӣ иҷро кард.
Лентаи хабарҳо
0