Боздошти ҷавондухтарони қирғиз барои даъвати “халосшавӣ аз тоҷикон” - видео

© Sputnik / Табылды КадырбековПациентка наркологического центра, архивное фото
Пациентка наркологического центра, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Духтарони қирғиз барои барангехтани кинаю адовати миллӣ нисбати тоҷикон боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пулиси вилояти Чуйи Қирғизистон аз боздошти ду духтари ҷавон барои барангехтани кинаю адовати миллӣ нисбати тоҷикон ва таҳрики муноқишаи марзӣ хабар дод.
Тибқи иттилои котиботи пулиси вилояти Чуй, маъмурин сабтеро дастрас карданд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла WhatsApp паҳн карда мешуд. Дар сабт духтари номаълум барои “халосшавӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Чалдовар" даъват мекунад.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, дар пайи таҳқиқ ду духтари 20 ва 22- сола боздошт гардиданд. Таъкид шудааст, ки феълан духтарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо барои барангехтани кинаю адовати миллию нажодӣ идома дорад.
Председатель Кабинета Министров Улукбек Марипов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баъди нигаронӣ аз "омодагӣ ба ҷанг": Сарвазири Қирғизистон гуфт, марзро мустаҳкам мекунанд
Инчунин афроде, ки дар Қирғизистон чунин даъватҳоро паҳн месозанд, мавриди пайгард қарор додаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои қирғизӣ наворҳое нашр мешаванд, ки гуруҳи шаҳрвандони алоҳида ба ном “дружинаҳо” молу мошинҳои самти Тоҷикистонро худсарона "қочоқ" гуфта, мусодира мекунанду худи онҳоро бозпурсӣ менамоянд. Дар як навор, ронандаро водор месозанд, ки аз молу мошинаш, ки ба гуфтаи ӯ ба Тоҷикистон таллуқ дорад, даст кашад. Ронанда низ ҳар чӣ бодо бод мегӯяду аз молу мошинаш, даст мекашад.
Улуғбек Марипов, раиси Кабинаи вазирони Қирғизистон дар мулоқот бо сокинони деҳаи наздимарзӣ дар вилояти Ош гуфт, барои рафтуомад ба Тоҷикистон бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд.
"То ҳалли масоили баҳсӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд", - иттилоъ додаст Марипов.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0