Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо меояд?

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Сокинон наметавонанд тирезаҳоро кушоянд - агар боз кунанд бӯи ғализ меояд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд мегуянд, ду ҳафта аст, ки бӯи ғализ шому саҳар маҳаллаҳоро фаро гирифтааст.
Онҳо дар чунин ҳол дару тирезаи хонаҳояшонро кушода наметавонанд, агар боз кунанд бӯи ғализ хонаҳоро бадбӯй мекунад.
Сабоҳат як сокини маҳаллаи 8-уми Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, паҳншавии бӯи ғализ шабона сар шуда, то саҳар идома мекунад.
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2020
Бӯи ғализ дар Хуҷанд: мушкиле, ки 2 ҳоким Муҳаммадзода ва Назирӣ дар ҳаллаш оҷиз мондаанд?
“Аз паҳншавии бӯи бад, мо тирезаҳои хонаҳоро дар вақти салқинии шаб кушода наметавонем. Агар боз кунем, бӯи ғализ ба хона мешинад”, - гуфт ин сокини шаҳри Хуҷанд.
Сокинони маҳаллаҳои 3, 14 ва 15, 12, 13 ва 18 -уми Хуҷанд, ки дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгиранд, дар бораи паҳншавии бӯи бад таъкид меварзанд.
Манучеҳр як сокини маҳаллаи 3 -уми Хуҷанд мегуяд, саҳаргоҳон вақте ҳамроҳи чанде аз ҳамсояҳо ба кӯча баромада, машқи бадан мекунанд, паҳншавии бӯи ғализро барало ҳис мекунанд.
“Мо саҳар ҳаво салқин гуфта, ба кӯча мебароему ба давидан машғул мешавем, аммо дар ин ҳангом бӯи бад бар машом мезанад”, - гуфт вай.
Паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд аз мушкили ҷиддие гуфта мешавад, ки дар як соли қабл пайдо шуд ва баъд аз он, ки ин мавзӯъ дар нишасти матбуотӣ бо шаҳрдорӣ дар миён гузошта шуд, охирҳои моҳи июли соли гузашта бартараф гардид.
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори собиқи Хуҷанд, он замон манбаи паҳншавии бӯи ғализро аз порӯи мурғхонаҳое, ки дар деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикӣ бо шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд рабт дод.
Аммо масъулони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иддао карданд, ки манбаи бӯи ғализ аз порӯи мурғхонаҳо набуда, балки он ба фаъолияти ҳавзҳои иншооти партовобтозакунии КВДК “Хуҷандобуканал” аст.
Чунин изҳори назарҳо то бештар аз ним сол идома кард ва танҳо дар охирҳои моҳи июл мушкили паҳншавии бӯи ғализ бартараф гардид. Мушкиле, ки аз Муҳамадзода ва Назирӣ ба Шарифзода ва Давлатзода ба “мерос” монд.
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2020
Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...
Аммо бо гузашти ҳудуди даҳ моҳ, ин мушкил дар Хуҷанд аз нав такрор мешавад ва сокинон аз ин ҳол нигаронанд.
Азизҷон Дӯстматов, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Хуҷанд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин мушкилро эътироф кард ва гуфт, ки ҳоло онҳо, барои дарёфти манбаи паҳншавии бӯи ғализ таҳқиқро оғоз намудаанд.

“Ба мо маълумотҳо ҳаст, ки бӯи ғализ якчанд маҳаллаҳои соҳили рости Хуҷандро олуда месозад, аммо манбаи паҳншавии бӯй то ба ҳол маълум нест. Дар вақти сард будани ҳаво буй набуд, ҳоло, ки ҳаво гарм шудааст, бӯи ғализ падо шудааст”, - гуфт Дӯстматов.

Ҳамкорони мо барои азназаргузаронии фаъолияти фермаҳои мурғпарварӣ сафарбар шудаанд, афзуд вай.
Кам шуд, аммо ҳанӯз ҳаст: бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?
Масъули идораи экология мегуянд, дуруст таҳқиқ намудани манбаъи паҳншавии бӯи ғализ кори саҳлу сода нест. Онҳо пешниҳод мекунад, ки барои рафти ин мушкил бояд гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони идораи санитарию эпидемиологӣ, идораи байторӣ ва дигар идораҳои дахлдор ҷалб карда шаванд.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд ва Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду раиси навтаъин гуфта мешаванд, ки бо мушкили кӯҳна ру ба ру мешаванд.
Оё раисони нав дар бартараф намудани ин мушкили кӯҳнаи маркази вилояти Суғд муваффақ шуда метавонанд, ё не инро вақт собит мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала