Cанаи мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд

© ALEXEY DRUZHININПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА як рӯйдоди муҳимест, ки бисёр кишварҳо онро бесаброна интизоранд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Мулоқоти Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Ҷо Байден метавонад дар ояндаи наздик дар Женева баргузор шавад. Матбуоти Швейтсария бо такя ба манбаъҳо дар ин бора менависад.
Мушаххас шудааст, ки мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА шояд ду ҳафта пас баргузор шавад.
Шабакаи NBC инчунин гузориш медиҳад, маъмурияти Байден тахмин мезананд, ки макони мулоқоти путин ва Байден шаҳри Женева шавад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин ва Байден метавонад моҳи июн дар кишвари саввум баргузор шавад. Он бо ибтикори ҷониби Амрико дар аввали моҳи апрел оғоз шуда буд.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Эҳтимоли мулоқоти Путин ва Байден дар Женева
Ин мулоқот бо ибтикори президенти ИМА дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия баргузор шуд.
Шаҳри дигаре, ки эҳтимол макони баргузории нишасти роҳбарони Путину Байден мешавад, Хелсинки аст. Маҳз дар ҳамин шаҳр, Владимир Путин соли 2018 то Доналд Трамп гуфтушунид карда буд.
Зимнан, аксар мақомдорони Амрико кишвари мизбони мулоқоти раисҷумҳуронро Исландия мешуморанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала