Фоҷеа: ҳалокати Муҳаммадҷони 5-сола зери чархи "Опел-Астра"

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Ронанда аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ӯро пахш кардааст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор хабар додааст, ки дар пайи он кӯдаки 5-солае ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 22 май дар ноҳияи Панҷ рух додааст. Тавре манбаъ менависад, ронанда аз уҳдаи идораи худрав набаромадааст ва хурдсолро, ки пиёдагард будааст, пахш мекунад.
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
" 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Гулонов Наҷиб Сафарбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоти деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагарди хурдсол, Лаҳмаков Муҳаммадҷони панҷсола сокини ҷамоати шаҳраки Панҷро пахш намудааст.
Мутаассифона, хурдсол Лаҳмаков М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0