Баъди сабти ҳолатҳои нави беморӣ: Раҳмон қарори эмгузаронии иловагиро имзо кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукумат барои гузарондани эмгузаронии иловагӣ дар моҳҳои май июнро имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ҳушдори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хуруҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ қарор барои эмгузаронии иловагӣ алайҳи ин бемориро имзо кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, масъулин дастур гирифтаанд, ки эмгузаронии иловагӣ дар моҳҳои май июн гузаронда шавад.
Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ хабар доданд, ки 23 май 4.6 миллион вояи ваксина алайҳи бемории фалаҷ вориди Тоҷикистон шуда, дар назар аст, ки ҳудуди 1.4 миллион кӯдак бо ваксина фаро гирифта шаванд.
Ин дар ҳолест, ки аввали баҳори соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст. Масъулини тандурустӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемориро ба хунукназарии бархе волидон ба эмгузаронӣ гуфтаанд.
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Вазорати тандурустӣ сабаби хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистонро гуфт
Бар асоси матлабе, ки дар сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад.
Бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд. Аз ин хотир, барои пешгирии сироят аз он ҳар як мамлакат барномаи миллии худро қабул ва татбиқ менамояд. Ғайр аз ин, яке аз роҳҳои асосии пешгирии мубтало шудан ба ин беморӣ ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад.
Дар Тоҷикистон одатан давоми 24 соати баъди таваллуди кӯдак ӯ бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки тариқи даҳон истифодашаванда мебошад, фаро гирифта мешавад. Баъдан ӯ дар 2-3 ва 4-моҳагӣ ин навъи ваксинаро қабул мекунад.
Врач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2020
Марде, ки 29 сол якҷоя буд: коронавирус ба гирифтори фалаҷ ҳам раҳм накард
Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро “фалаҷи абортивӣ” меноманд, омадааст дар матлаби Вазорати тандурустӣ.
Аммо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷи навъи 1 фаро гирифта буд, ки сабаби хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид. Дар пайи чораандешиҳо ва эмгузаронӣ роҳи паҳншавӣ ва умуман гардиши барангезандаи бемории фалаҷ вируси “ёбоӣ”-и намуди I гирифта шавад. Моҳи июли соли 2010 дар Тоҷикистон охирин ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд, таъкид карда буд Вазорати тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0