Истеҳсоли "Спутник V" дар Ҳиндустон оғоз мешавад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксШприц и ампула на фоне логотипа "Спутник V"
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Гуфта мешавад, истеҳсоли "Спутник V" дар Ҳиндустон талошҳои ҳукумат барои рафъи пандемияро сабук хоҳад кард ва барои бозгашт ба зиндагии муқаррарӣ кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия ва Panacea Biotec, яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ваксина ва доруҳо дар Ҳиндустон, ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси русии"Спутник V" дар он кишвар шурӯъ карданд; Истеҳсоли пурраи дору тобистон оғоз хоҳад ёфт, гуфт бунёди Русия.
"ФСМР ва Panacea Biotec дар бораи оғози тавлиди ваксинаҳои Русия алайҳи коронавируси "Спутник V" эълом мекунанд. Гурӯҳи аввалаш дар марказҳои Panacea Biotec дар шаҳри Бадди бароварда шуд", - гуфтаанд аз фонд.
Бастаи аввал барои санҷиши сифат ба маркази Гамалея оварда мешавад. Интизор меравад, ки истеҳсоли пурраи "Спутник V" тобистони имсол оғоз шавад. Иншооти ширкат ба стандартҳои GMP мувофиқат мекунад ва аз ҷониби ТУТ пешакӣ тахассус ёфтааст.
"Спутник V" 12 апрели соли 2021 дар Ҳиндустон тибқи тартиби фаврии сабти ном ба қайд гирифта шуд ва эмгузаронӣ бо ин ваксина дар кишвар аз 14 май оғоз ёфт.
Моҳи апрел, ФСМР ва Panacea Biotec созишнома дар бораи ҳамасола истеҳсол кардани 100 миллион воя ваксинаи "Спутник V" дар Ҳиндустон эълон карданд.
Ампула с вакциной против COVID-19 Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Русия ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад
"Оғози истеҳсоли ваксина бо Panacea Biotec як қадами муҳим дар кумак ба Ҳиндустон дар мубориза бо пандемия мебошад. Истеҳсоли ваксина дар Ҳиндустон кӯшишҳои мақомоти кишварро барои рафъи марҳилаи шадиди паҳншавии коронавирус дастгирӣ мекунад. Дар оянда ин дору ба хотири ҳифзи саломатии мардум ба дигар кишварҳо содир карда мешавад", - гуфт раиси ФСМР Кирилл Дмитриев.
Директори идоракунии Panacea Biotec Раҷеш Ҷейн қайд кард, ки муттаҳид сохтани нерӯҳо бо ФСМР ба Ҳиндустон имкон медиҳад, ки зуд ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад ва дар ин бобат ба сокинони дигар кишварҳо кумак расонад.
Ваксинаи "Спутник V" дар 66 кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи умумии аҳолии онҳо зиёда аз 3,2 миллиард нафарро ташкил медиҳад.
Самаранокии ваксина дар асоси таҳлили маълумот дар пайи санҷишҳо 97,6% -ро ташкил дод.
Теъдоди гирифторони коронавирус ба пояи охирин маълумотҳо дар Ҳиндустон ба 26 миллиону 752 ҳазору 447 нафар мерасад.
То кунун дар ин кишвар аз ин беморӣ беш аз 300 ҳазор нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала