Маҳбусон ба ҷои муҳоҷирони корӣ: Кумитаи тафтишотӣ низ ҷонибдорӣ кард

Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Масъулини Кумитаи тафтишотии Русия мегӯянд, ҷалби маҳбусон ба ҷои муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор якбора ду мушкилро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия аз пешниҳоди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои ҷалби маҳбусон ба ҷои муҳоҷирон ба кор ҷонибдорӣ намуд.
Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия, мегӯяд, пешниҳоди Александр Калашников, мудири Хадамоти иҷрои ҷазо аз як тараф метавонад барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо ва аз тарафи дигар барои татбиқи ҳадафҳои ҷазо мусоидат намояд.
Петренко афзуд, меҳнати ҷисмонӣ бари ислоҳи маҳбусон муфид мебошад ва маоши муътадил метавонад барои ҷуброни зарар равон шавад, агар нисбати маҳкумшуда ҷарима татбиқ гардад. Ӯ муътақид аст, ки иваз кардани муҳоҷирон бо маҳбусон барои коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид
Ахиран Александр Калашников, мудири Хадамоти иҷрои ҷазо дар пайи изҳороти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мавриди норасоии нерӯи корӣ дар бахше аз соҳаҳо иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳбусонро ба миён гузошта буд.
Ба гуфтаи ӯ, 188 ҳазор нафар ҳақ доранд, ки ҷазоро бо меҳнати маҷбурӣ иваз кунанд. Вай қайд кард, ки чунин тадбир ба ҳалли мушкилоти меҳнат ва иҷтимоии маҳбусон мусоидат мекунад.
Вазири адлияи Русия, Константин Чуйченко низ иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳбусонро имконпазир хонд.
"Мумкин аст марказҳои ислоҳӣ дар майдончаи бузурги сохтмонӣ, дар иншооти калон таъсис дода шаванд ва онҳое, ки ҷазоро адо мекунанд, барои иҷрои ин кор қобилият доранд", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Чуйченко, Вазорати адлия ба татбиқи лоиҳаҳои калон манфиатдор аст, ки дар онҳо кор бурдани ҳазорон нафаре, ки ҷазоро адо мекунанд, имконпазир мебошад.
"Ин як чизи аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ва ҷолиб аст, зеро одамон бо ин васила аз ҷомеа ҷудо намешаванд, маош мегиранд ва метавонанд ӯҳдадориҳои худро, ки аз қарори судҳо бармеоянд, иҷро кунанд", - гуфт Чуйченко.
Вай афзуд, ки ин идея дар доираҳои тиҷоратӣ фаъолона муҳокима мешавад. Дар айни замон, якчанд созишномаҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала