Ҷанҷоли нав дар Евровидение - 2021: Украина Манижаро ба асардуздӣ айбдор кард

© Eurovision Song ContestВыступление певицы Манижи на первом канале
Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Манижа Сангин ба асардуздӣ айбдор карда шуд: вай гӯё либосҳои баромадии сарояндаи Украинаро нусхабардорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар Украина шабоҳати возеҳи байни тасвири саҳнаи Манижиро дар Евровидение-2021 ва костюмҳои овозхони украиниро мушоҳида кардаанд.
Блогнависи украинӣ Ваня Рассел Манижаро ба асардуздӣ айбдор кард. Ӯ гуфтааст, ки овозхони украинӣ Алина Паш дар консертҳо қабл аз Eurovision-2021 бо либоси корҷома (комбинизон) ва рӯймол баромад мекард.
Блогнавис инчунин гуфтааст, ки ин ду сароянда мебоист треки муштарак иҷро мекарданд, аммо бо баъзе сабабҳо Манижа иртиботро қатъ кард.
Аммо, корбарони интернет дар шарҳҳо қайд мекунанд, ки либосе, ки ҳарду духтар истифода мебаранд, тасвири Рози Ривтер аст, ки барои плакатҳо дар Иёлоти Муттаҳида офарида шудааст ва рамзи зани қавӣ ва мустақил мебошад.
Инчунин дар зери видео, онҳо илова мекунанд, ки ҳарду овозхон корҷома (комбинизон)-и сурхи дурахшон ба бар кардаанд, ки бештар ба либоси зиндонии амрикоӣ шабеҳ аст, ки "ихтирои на яке ё дигаре аст."
Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон, дар финали Евровидение Русияро бо рақами 5 намояндагӣ кард.
Ҳунарманд бо либоси азим вориди саҳна шуд, ки аз даҳҳо пораҳои матоъ аз минтақаҳои гуногун ба ӯ воридшуда дӯхта шудааст. Пас аз он вай либосро партофта, дар корҷома (комбинизон)-и сурх монд, ки мавриди баҳс қарор гирифт.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа: Дигар ба Евровидение намеравам
Клипи Манижӣ барои суруди Russian Woman писандидатарин ва зиёда аз 10 миллион маротиба тамошо шуд.
Ғайр аз он, ин композитсия чартҳои iTunes-ро дар 5 кишвари аврупоӣ ба даст овард.
Аммо, пас аз эълони овозҳо аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон, суруди Манижӣ 204 хол ба даст оварда, танҳо ҷои 9-умро ишғол кард.
Лентаи хабарҳо
0