Ҳушдор ба рақибони эҳтимолии Тоҷикистон: кӯшиши зарар барояшон фалокатбор хоҳад буд

© Пресс-служба ЦВОТанк Т-32 во время учений
Танк Т-32 во время учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон шарҳ дод, ки чаро тақвияти нерӯҳо ва гузаронидани тамринҳо дар Осиёи Марказӣ барои кишвараш муҳим аст
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Паёми вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар бораи кумаки Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон вокуниш ба бонги хатари шарикони Осиёи Марказист, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон.
Дипломат мушаххас кард, ки ба амниятикишварҳои осиёи Марказӣ на "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), балки ки гурӯҳҳои дигари дар Афғонистон амалкунанда таҳдид мекунанд.

"Ташкилотҳои оппозисиюни низомии тоҷик ҳастанд, ки дар қаламрави Афғонистон танҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Онҳо метавонанд ба суботи ҷумҳурӣ таҳдид кунанд", - гуфт Кабулов.

Инчунин, намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон аз кори пойгоҳи низомии 201 ёдовар шуд.
"Дар сарҳади Афғонистон ягон нерӯи террористӣ вуҷуд надорад, ки ба суботи дохилии ҷумҳурӣ ба таври таҳдидомез таҳдид кунад. Тахрибкорӣ, бетартибиҳои хурд ва ҳамлаҳои террористӣ имконпазиранд, аммо мо бо назардошти зарфияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдиди мустақимро намебинем", - гуфт сиёсатмадор.
Кобулов афзуд, ки ин маънои онро надорад, ки метавон роҳат шуд - Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тақвият ва тамрини нерӯҳои худро идома диҳанд.
Пограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Русия дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон постгоҳи марзӣ месозад
Намояндаи махсуси президенти Русия таъкид кард, ки ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон омили устуворкунанда ва ҳушдор ба ҳамаи рақибони эҳтимолӣ аст, ки ҳар гуна кӯшиши зарар расонидан ба ин давлатҳо барои онҳо ба фалокат хотима хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Русия қасд дорад дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзӣ бисозад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
Лавров афзуд, ки Русия сохтмони гузаргоҳро маблағгузорӣ хоҳад кард ва аз имзои санаде хабар дод, ки кори ду кишварро барои таҳкими марзи тоҷику афғон оғоз хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0