Пирӯзии варзишгарони ӯзбек дар мусобиқаи Ҷоми ФТТ

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонҒолибони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон
Ғолибони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷамъбасти мусобиқаи Ҷоми Федератсияи тенниси ҷумҳурӣ дар Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон бо пирӯзии намояндагони Ӯзбекистон ба анҷом расид, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ таъкид кард, ки мусобиқа рӯзҳои истироҳати гузашта бо иштироки беш аз 60 варзишгари то 14-солаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамаи рақобатҳо варзишгарони Ӯзбекистон ғолиб шуданд. Намояндагони Тоҷикистон танҳо дар рақобати ҷуфти духтарон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Теннисная рокетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2020
Чемпионҳои Тоҷикистон дар риштаи тенниси рӯи миз маълум шуданд
Дар феҳрасти ғолибон ва ҷоизадорони Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон - U-14 духтарон - Милана Тамашевич, Злата Чинова ва Самира Хазиева ва миёни писарон - Абдулазиз Усмонҷонов, Аван Зинатуллин, Нуриддин Бахтиёров ном бурда шуданд, ки ҳама аз Ӯзбекисто мебошанд.
Ҷуфти духтарон
1. Шаҳзода Ортиқбоева / Злата Чинова (Ӯзбекистон)
2. Самира Хазиева / Милана Тамашевич (Ӯзбекистон)
3. Эмили Ким / Кейра Ким (Ӯзбекистон)
3. Анастасия Белоброва / Ёсуман Салимова (Тоҷикистон).
Дар феҳрасти ҷуфти писарон ҷои якумро Ҷавоҳир Мирзокамолов / Абдулазиз Усмонҷонов, дуюм - Абдураҳмон Ҳоҷибоев / Абдулло Дилшодов, ҷойҳои сеюмро Нуриддин Бахтиёров / Амир Сафоев ва Муҳаммадазиз Ҷӯраев / Алан Зинатулин гирифтаанд, ки ҳамаашон аз Ӯзбекистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0