Қаиқрони тоҷик натавонист дар Русия роҳхати олимпӣ гирад

© сомонаи Кумитаи олимпии ТоҷикистонШаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик
Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ натавонист роҳхати Бозиҳои олимпии Токио - 2020-ро ба даст орад
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Шаҳриёр Даминов дар охирин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Барнаули Русия, натавонист роҳхати олимпӣ ба даст орад.
Тибқи иттилои Кумита, варзишгарон дар шаш мусобиқа - С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) барои шаш роҳхати олимпӣ талош карданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр талош барои роҳхати олимпӣ намуд.
“Шаҳриёр дар сабқати гурӯҳӣ миёни шаш нафар бо натиҷаи 04:14.931 чорум шуд. Дар нимфинал бошад, миёни 9 нафари гурӯҳи якум бо натиҷаи 04:18.393 нуҳум шуда, ба марра расид ва ба финал роҳ наёфт”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, роҳхати олимпиро дар ин мусобиқа (С-1 1000 метр) намояндаи Арманистон Сергей Тарновский бо натиҷаи 04:14.861 сазовор шуд.
Шахриёр Даминов, победитель Азиатских игр по байдарке в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2019
Шаҳриёр Даминов соҳиби медали тиллои мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ шуд
Дар дигар мусобиқаҳо дар Барнаул намояндагони Литва (К-1 200м - мардҳо), Чин (К-1 1000м - мардҳо), Русия (К-1 200м - бонувон), Португал (К-1 500м - бонувон), Хорватия (С-1 200м - бонувон) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд.
Умуман, дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 248 нафар дар Олимпиадаи Токио ширкат мекунанд. Дар натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ варзишгарони 58 давлат роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0