Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод: рӯзи 24 май дар таърих

День 24 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Рӯзи бисту чоруми май аз Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар Русия Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо таҷлил мешавад

Рӯзи 24 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1844 телеграфи Морзе (содатарин асбоби фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон кард.
Соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи "Комсомолская правда" нашр шудааст, ки он дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллионҳо нусха чоп мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

Рӯзи 24 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1032 нахустин маротиба донишманд ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод.
День 22 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Зодрӯзи Малика Собирова: рӯзи 22 май дар таърих
Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафт.
Соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои роҳандозӣ кардани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.
День 21 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Зодрӯзи Нигина Рауфова: рӯзи 21 май дар таърих
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.
Соли 2014 дар Беларус бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони "Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус" сарфароз гардонда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 май

Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо.
Дар Русия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.
Дар Эритрея – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ

Рӯзи 24 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1915 — ҳунарманди мардумӣ Раъно Ғолибова.
Соли 1924 — профессор Содир Форсихонов.
Соли 1928 — ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саймуддин Бурҳонов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала