Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Жириновский ҳунарнамоии Манижаро дар Евровидение - 2021 шармовар хонд

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Мақоми Манижа Сангинро дар ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 ҳарчанд баъзеҳо воло хонда ба ӯ таҳсину офарин мехонданд, вале Владимир Жириновский баромади намояндаи Русияро шармовар хонд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, Владимир Жириновский зимни мулоқот бо ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни кадрҳои дохилиҳизбии "Роҳбарҳои ҲЛДР 3.0", ҳунарнамоии Манижа Сангинро дар озмуни Евровидение - 2021 шармовар хонд.

"Ҷои нӯҳум шармандагӣ аст! Кишвари бузург - ва ҷои нӯҳум! Барои пирӯзӣ ҷаззобият лозим аст. Танҳо баромада, даҳон кушодан - овози зебо, мусиқӣ, калимаҳо арзиш надорад... Ҷаззобият лозим аст", - афзудааст Жириновский.

Сиёсатмадори рус инчунин пирӯзии овозхон Томас Нойвиртро, ки дар нақши зани ришдор Кончита Вурст дар соли 2014 баромад намуда буд, мисол оварда гуфт, ӯ барои ғолиб омадан дар ин озмун чунин нақшро бозӣ кард.
Зимнан, Жириновский шояд иштибоҳан, Манижаро "Машина" гуфта, афзуд, ки набояд ӯро ҳамчун намояндаи Русия ба ин ҷашнвора роҳ дод.
Россиянка Манижа на Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Бозгашти Манижа, ашкрезӣ ва насиҳати Алла Пугачёва: барои ҷой нахон – видео
"Аммо иҷозат доданд ва акнун ҷойи 9 - умро ишғол кард. Ҳоло кӣ барои ин кор ҷавоб медиҳад? Дар Италия боз озмун доир мешаваду намояндаи онҳо соли гузашта низ ғолиб меояд, аммо мо пирӯз намешавем", - бо ҷаҳл афзудааст вакили рус.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи рок Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni ғолиби Евровидение - 2021 дониста шуд.
Манижа, ки дар рақами 5 дар финал бо суруди Russian Woman баромад кард, бо 204 хол дар ҷои 9-ум қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0