Моҳи хунин: қарз надеҳ ва оиладор нашав - 26 май чӣ бояд карду чӣ не

© AP / Ringo H.W. Chiu"Кровавая луна" в Лос-Анджелесе
Кровавая луна в Лос-Анджелесе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Рӯзи чоршанбе 26 май як падидаи ғайриоддии астрономӣ рух медиҳад.
Дар ин рӯз гирифти пурраи Моҳ сурат мегирад, ки онро моҳи "хунин" низ меноманд.
"Моҳи хунин" аз ҳисоби нурҳои зарди сурхранг, ки моҳвораи Замин бо сабаби сояи сайёра дарҷ мекунад, ба вуҷуд меояд.
Гирифти пурраи моҳ бо нишонаи Қавс рух медиҳад ва соати 10:44 ба вақти Маскав (ё соати 12:44 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Моҳи пурра дар паси пайкарае дар Рум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Назар ба моҳи пурра аз кишварҳои гуногун - акс
"Моҳи хунин" -и рӯзи 26 - майро сокинони Австралия, ғарби Иёлоти Муттаҳида, Амрикои Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хубтар метавонанд бубинанд.
Тибқи гуфтаи ситорашиносон, рӯзи 26 май гирифтани Офтоб ба 18, 5 соли ояндаи инсон таъсир мерасонад.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 чор маротиба чунин падида рух медиҳад - ду гирифти офтоб ва ду гирифти моҳ. Маҳз дар ин давра рӯйдодҳо дар ҳаёти инсон тақдирсоз мешаванд ва ислоҳи хатоҳои содиршуда солҳои зиёдро талаб мекунад.

Ҳангоми гирифти моҳ ё "моҳи хунин" чӣ кор кардан мумкин аст?

26 май беҳтар аст, ки вақти худро ба хондан ва гирифтани маълумоти нав сарф кунед. Масалан, шумо метавонед курсҳоро омӯзед, видеоҳои омӯзиширо тамошо кунед.
Солҳои охири ҳаётро таҳлил кунед, натиҷаҳоро арзёбӣ кунед ва ҳадафҳои нав гузоред.
Хоҳишҳоро дар рӯи коғаз нависед ва ба таври равонӣ ба моҳ фиристед.

Ҳангоми гирифти моҳ - "моҳи хунин" чӣ кор кардан мумкин нест?

Нӯшидани машрубот.
Ҷанҷол ва муноқиша бо дигарон.
Оғози кори тиҷорат, имзои созишномаҳо.
Оғози лоиҳаҳои нав.
Оиладор шудан.
Ба сафар рафтан.
Қарз додану қарз гирифтан.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала