То 36 дараҷа гармиву боронҳои кутоҳмуддат: пешгӯии ҳавошиносон барои 25 май

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкКлумба в одном из парков
Клумба в одном из парков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши сусти борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Сел, раъду барқ ва жола: ҳушдори ҳавошиносон аз бад шудани ҳаво дар охири моҳ
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0