Омодагӣ ба Ҷоми Ҷаҳон: мунтахаби Тоҷикистон дар Ироқ бозии дӯстонаашро мусовӣ кард

© ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Мунтахаби Тоҷикистон дуввумин дидори дӯстонаашро бо яккачини Ироқ мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон дар моҳи июни соли 2022, мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ироқ бозии дӯстона анҷом дод.
Бозӣ шоми гузашта дар варзишгоҳи Ал-Файҳаи Басра баргузор шуд ва бо ҳисоби 0: 0 хотима ёфт, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ.
Гуфта мешавад, ин дуввумин бозии Тоҷикистону Ироқ дар сатҳи тимҳои миллӣ дар таърих мебошад.
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Ҳайати тими миллӣ барои сабқат бо тимҳои Ироқу Тайланд: 7 легионер даъват шуд
Бозии аввал 3 августи соли 1999 дар Душанбе дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 баргузор шуда буд, Дар он дидор тими миллии Ироқ бо ҳисоби 2: 1 пирӯз шуд. Ягона голи мунтахаби Тоҷикистонро дар он дидор Тоҳир Муминов зада буд.
Бозии навбатии дӯстона дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳони 2022 - и мунтахаби Тоҷикистон 29 май баргузор мешавад.
Дар ин рӯз, дастпарварони Усмон Тошев дар варзишгоҳи Холид бин Муҳаммад дар Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозӣ хоҳад кард.
Ин дидор соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (21:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала