Русия алоқаи ҳавоӣ бо панҷ кишвари дигарро барқарор мекунад: кадом?

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксСпоттинг в аэропорту Внуково
Споттинг в аэропорту Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Русия парвозҳоро бо Арабистони Саудӣ, Исландия, Малта, Мексика ва Португалия барқарор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Русия расман парвозҳоро бо панҷ кишвар, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар баҳори соли гузашта қатъ карда шуданд, аз сар мегирад, хабар медиҳад ТАСС.
Ҳамин тариқ, ҳаракати ҳавоӣ бо Арабистони Саудӣ, Мексика, Исландия, Малта ва Португалия боз мешавад.
Дар айни замон, ин навгонӣ танҳо расмият ҳаст. Қарор дар бораи кушодани робитаи нақлиётӣ аз ҷониби ситоди фаврӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия гирифта шудааст.
Самолет Узбекских авиалиний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Ӯзбекистон парвозҳо бо ду кишварро қатъ кард: бо кадом?
Ғайр аз ин, Русия барои васеъ кардани квотаи парвозҳо ба Куреи Ҷанубӣ, Финляндия ва Ҷопон аз минтақаҳои Русия розӣ шуд.
Барои оғози парвоз ба Максика танҳо ширкати ҳавоии Azur Air изҳори омдагӣ кардааст, дигар ширкатҳо ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Аз обпошӣ то боздошти парвози нав: “Сибир” ба расонидани мусофирони бандмонда оғоз кард
Ҳамзамон, муайян шуда, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои парвоз ҳафтае ду маротиба аз Маскав ба Рейкявик (Исландия) ва Валлетта (Мальта) 2 парвоз анҷом диҳанд, инчунин 3 парвози дигар ба Канкуни Мексика ва ба пойтахти Португалия - Лиссабон парвоз кунанд.
"Дар мавриди Арабистони Саудӣ, ҳар ҳафта се парвоз ба Ҷидда низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳафтае як маротиба имкон аст, аз Грозний ва Махачқалъа низ ба Ҷидда парвоз кард", - омадааст дар хабар.
Акнун ширкатҳои хориҷӣ низ метавонанд аз ин шаҳрҳо ба ҳамон миқдор ба Маскав ва Грозний парвоз кунанд.
Дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо ба Исландия, S7 нақша дошт, ки парвозҳоро дубора барқарор кунад, аммо баъдтар бо сабаби карантини ҳатмии воридшавандагон ба ин кишвар аз ин идея даст кашид.
Чунин шароит метавонад ба парвозҳо таъсири назаррас расонад ва онҳоро барои интиқолдиҳандагон аз ҷиҳати тиҷорӣ зиёновар гардонад.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия
Ёдовар мешавем, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ, аз 27 марти соли 2020 Русия парвозҳои мунтазам ва чартериро бо дигар кишварҳо қатъ кард, ба истиснои парвозҳои содиротӣ ва борбарӣ.
Барқарорсозии тадриҷии парвозҳои байналмилалӣ моҳи августи соли 2020 оғоз шуд. То имрӯз, имкон аст аз Русия ба Миср, АМА, Қатар, Белирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҳиндустон, Сербия, Швейтсария, Ҷопон, Куреи Ҷанубӣ, Эфиопия, Финляндия, Ветнам, Юнон, Сингапур, Олмон, Венесуэла, Сурия, Куба, Ҷазираҳои Сейшел, Малдив ва Шри-Ланка парвоз кард.
Қаблан парвозҳо ба Бритониё, Танзания ва Туркия иҷозат дода мешуд, аммо бинобар вазъи эпидемиологӣ, парвозҳо ба ду кишвари аввал қатъ карда шуданд ва танҳо бо парвозҳои кишвари охирин маҳдуд карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала