Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Боз таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: чаро роҳбарони ин идора зуз-зуд иваз мешаванд?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Обуна шудан
Абдумавлон Абдуллозода пас аз нӯҳ моҳи фаъолият аз мақоми раҳбарии Раёсати Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят барканор шуд
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Абдуллозодаро дар ин мақом Таҳмина Усмонова, ки то ин замон идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард, иваз кардааст.
Бино ба таъйиди манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 23-уми май дар МНДСЭ Суғд, сардори нави ин ниҳод Таҳмина Усмонова муаррифӣ шудааст.
“Дирӯз дар як ҷаласа бо ширкати кормандони ҳукумати вилоят дар МНДСЭ Суғд доир шуд, ки дар он роҳбари нави ин ниҳод муаррифӣ шуд”,- афзуд манбаъ.
Абдумавлон Абдуллозода 9 мощ пеш ба ин мақом таъйин шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир, ӯ минҳайси муовини сардор кор мекунад.
Давоми як сол ин чорумин тағйирот дар идораи беҳдоштии вилоят мебошад.
Ҳамин тавр Абдуллозода Абдумавлон 30 августи соли 2020 бо ивази Орипов Маҷнун дар ин мақом нишаст.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2020
Таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: мақоми нави Абдуллозода
Орипов Маҷнун, ки аввали моҳи августи соли 2020 бо иваз намудани Ҷабборов Абдуғаффор ба мақоми раҳбарии идораи беҳдоштии вилоят омада буд, як моҳ фаъолият накарда, барканор шуд.

Роҳбари нави идораи беҳдоштии вилояти Суғд кист?

Усмонова Таҳмина 39 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи факултети санитарию профилактии филиали Хуҷандии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2005) мебошад.
Номбурда фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи июли соли 2005 дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамчун духтури эпидемиологи сироятҳои бениҳоят хавфнок оғоз намудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Фармони Президент дар бораи тағйироти кадрӣ: 4 нафар бо хоҳиши худ истеъфо доданд
Аз моҳи октябри 2005 то декабри 2007 дар вазифаи духтури санитарии озмоишгоҳи санитарии МНДСЭ - вилояти Суғд кор намуда, аз моҳи январи 2008 то моҳи августи 2011 дар вазифаи мудири ташхисгоҳи санитарию гигиении МНДСЭ -и вилояти Суғд, аз моҳи августи 2011 то моҳи феврали соли 2014 дар маснади мудири шуъбаи коммуналии МНДСЭ-и вилояти Суғд, феврали соли 2014 ба ҳайси мудири шуъбаи санитарии ҳамин марказ кор кардааст.
Моҳи марти соли 2014 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Суғд таъин гардид. Аз моҳи октябри соли 2014 то августи соли 2020 дар вазифаи мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шахри Хучанд фаъолият дошт.
Аз санаи 24 августи соли 2020 ба вазифаи директори МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.
Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0