Володин ҷонибдорӣ накард: ӯ гуфт, муҳоҷиронро набояд бо маҳкумшудаҳо иваз кард

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Обуна шудан
Раиси Думаи Федератсияи Русия, Вячеслав Володин идеяи иваз кардани муҳоҷирон бо маҳкумшудаҳоро ҷонибдорӣ накард
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин нуқсони асосии иваз намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳкумшудагонро номид, менависад РИА Новости.
Володин пешниҳоди Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия, Александр Калашниковро дар бораи истифодаи маҳбусон дар минтақаҳое, ки қувваи корӣ намерасад, шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, иҷрои ин иқдом мушкили норасоии нерӯи кориро дар Русия ҳал нахоҳад кард.

"Ғоя нав нест, он аллакай дар ин ё он формат татбиқ шуда истодааст. Ин мавзӯъро омӯхтан зарур аст. Агар маҳбусоне, ки ҳуқуқ доранд ва хоҳиши кор карданро дошта бошанд, метавон барои онҳо чунин имконият фароҳам овард", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки бо ин роҳ наметавон мушкили камбуди неруи кориро бартараф кард.
Бо ишора ба маълумоти расмӣ, Володин қайд кард, ки дар Русия тақрибан 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ намерасад.
Ҳамзамон, тибқи маълумоти Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, дар колонияҳо каме бештар аз 478 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо танҳо 188 ҳазор нафар ба чунин иваз кардани ҷазо, ба монанди меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқ доранд.
Рабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Дар Тоҷикистон “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон” таъсис ёфт
Қаблан Вазорати адлияи Федератсияи Русия хабар дода буд, ки онҳо омодаанд лоиҳаҳои калонеро баррасӣ кунанд, ки дар онҳо беш аз ҳазор нафар маҳбусон ҷалб карда шаванд.
Ғайр аз он, чунин тадбир ба амалӣ шудани ҳуқуқи тағйир додани ҷазо мусоидат мекунад. Бо сабаби нокифоя будани ҷойҳо, маҳбусон ин корро карда наметавонанд ва ташкили марказҳои ислоҳӣ ба ҳалли масъала мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи марти соли 2021 Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар бораи нарасидани тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор коргар дар соҳаи сохтмон хабар дод. Дар соҳаи кишоварзӣ низ норасоӣ мавҷуд аст. Ин ниҳод дасти кам 41 ҳазор нафарро талаб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0