Болоравии қурби рублу евро дар як шабонарӯз: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ ва русӣ боз каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1540 сомонӣ нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки дирӯз 0.1530 сомониро ташкил медод.
Ҳамин тавр, қурби асъори русӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки дар моҳҳои аввали сол коҳиш ёфта буд ба нишондоди беназир боло рафт.
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маблағи муштариёни “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мешавад: кай ва чӣ гуна
Агар дирӯз дар бозори асъори Тоҷикистон 1 евро 13,8240 сомонӣ фурӯхта мешуд, имрӯз ба қиммати 13.8636 сомонӣ ба фурӯш гузошт шудааст.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.8636 то 13.9500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1540 то 0.1555 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0