"Шумо аз Президент розиед?": мусофирони дармонда чӣ пурсиданду Субҳонзода чӣ посух дод

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба суолҳои мусофирони дармонда - "чаро, кай ва чӣ кор кунем" посух дод. Ӯ чанд маротиба даъват кард, ки "ба иғво дода нашаванд", "таҳаммулпазир бошанд" ва интизор шаванд. Агентӣ баррасӣ мекунад ва посух медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Мусофирони ширкати русии "Северний ветер", ки бояд ба Русия парвоз мекарданду бинобар лағв шудани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Душанбе дармонданд, дар назди фурудгоҳ издиҳомеро ба вуҷуд оварданд.
Онҳо талаб карданд, ки Агентии авиатсияи граждании кишвар ба суоли он ки чаро парвоз лағв шуд ва кай метавонанд бо чиптаҳои дар даст доштаашон парвоз кунанд, посух гӯяд.
Дар ҳамин ҳол, Раиси агентӣ ба назди издиҳоми мусофирон ҳозир шуд ва нахуст шарҳи агентиро гуфту сипас ба чанд суоли муҳоҷирон посух гуфт.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Сарсонии мусофирону шарҳи раиси Агентии ҳавонавардӣ: чаро “Северний ветер” парвоз накард?
Вақте Субҳонзода дар бораи он гуфт, ки мақсад аз лағв кардани парвози ин ширкати русӣ, танҳо поён овардани арзиши чипта аст, мусофирон пурсиданд, ки пас аз расман арзон шудани чипта, бақияи пулҳояшонро аз билети харидаашон, ки ба гуфтаашон то 12 ҳазор сомониро ташкил медодаааст, гирифта метавонанд.
- Нафаре ки ба 10 ҳазор сомонӣ билет харидааст, метавонад бақияашро гирад?
- Шумо метавонед ба ширкат муроҷиат кунед. Намояндаи ширкат гуфт, ки мо бармегардонем, лекин мусофирон чиптаро баргардонидан намехоҳанд. Чаро ин хел мегӯед?
- Мо парвоз кардан мехоҳем.
- Шабу рӯз ба ман занг мезананд, ки мо мусофирони "Северний ветер" ва ба мо намояндаи ширкат гуфт, ки дар парвоз накардани ҳавопаймо Субҳонзода гунаҳкор аст. Ҳамин хел гуфтанд?
-Бале, мегӯяд иҷозат надода истода истодаанд, андозро зиёд кардаанд.
- Ин хел нест. Агар ин тавр бошад, чаро 4 ширкати дигари русӣ иҷозат гирифтанду ин ширкат не. Зеро "Северний ветер" ба дархости мо дер посух гуфт. Дархост ҳамин буд, ки нарх арзон карда шавад.
- Хатсайри мо чӣ мешавад?
- Муҳтарам мусофирон, аз шумо хоҳиш, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонем, давлати мо сулҳдор аст, шумо ба иғво дода нашавед , онҳо дер розӣ шуданд, дар баррасӣ аст, шумо фикри худро кунед, тинҷу осудагии кишварро кунед. Масъалаи иҷозати парвози ширкат ҳатман баррасӣ мешавад ба шумо огоҳ мекунанд, аз шумо ҳам вобастагӣ дорад, ба ягон хел иғво дода нашавед, аз паси кори худатон шавед, ба шумо иловатан аз натиҷа маълумот дода мешавад.
- Кай мешавад?
- Мо кӯшиш мекунем, ки дар доираи талаботи ҷорӣ дар наздиктарин фурсат ҳал шавад.
- Мӯҳтарам Субҳонзода, фурӯши чиптаи "Северний ветер"-ро манъ кунед, халқ дар ҳамин ҷо истодааст, корҳоро ҳал кунед, мо парвоз кунем ва равем ба ҷои корамон.
- Гӯш кунед, шумо аз Пешвои муаззами миллат розигӣ гиред, шумо бояд розӣ бошед. Розӣ ҳастед?
- Албатта мо розӣ. Ҳамин халқро равон кунед, се рӯз боз мо мусофирон азоб кашида шиштем, болои бетонба хобем. Мо аз Ҷаноби олӣ розӣ, як кор кунед, ки мардум азоб накашад. Халқи бечора дар азоб. Ваъдаҳои дурӯғ надиҳед.
- Тамоми роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар асосӣ сисёсати сарвари давлат фикри муҳоҷирро шабонурӯзӣ мекунанд, ман чанд рӯз пеш бо муҳоҷирон дар фурурдгоҳ мулоқот доштам ва гуфтам, ки ҳатман талаботи шумо қанеъ гардонида шуда ва парвозҳо иҷозат дода шуд. Аммо шуморо ба парвозҳое даъват кардаанд, ки ба онҳо иҷозат дода нашудааст. Ин нодуруст аст.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид
- Мо чӣ кор кунем ва барои чӣ иҷозат надоданд?
- Аз ин рӯз инҷониб нисбати фаъолияти ширкатҳое, ки ба фаъолияти нодуруст машғул ҳастанд, нархи чиптаро зиёд мекунанд, дар сохторҳои дахлдор чораҷӯӣ карда мешавад, пеши роҳи ин гирфита мешавад. Мо худи ҳозир аз паси иҷозати ҳамин парвозҳо мешавем. Аз ин сӯ пас чиптаи қимат нахаред.
- Мӯҳтарам Субҳонзода, ҳамин халқро корашро (мушкилиашонро - идора) ҳал кунед, илтимос. Аз Ҷаноби олӣ ҳам мо хоҳиш мекунем, ки моро гусел кунанд, мо равем, мо мақсадамо ҳамин, ҳама қарз гирифтаем, мо аз Ҷаноби олӣ розӣ, ҳаракат кунед, мо равем.
- Оид ба ширкат, парвозаш ва шуморо бурда расонидан, мо худи ҳозир аз паси ин мешавем, баррасӣ мекунем. Мо бояд фаромӯш накунем, ки давлати мо тинҷ аст, мустақил аст, 30-солагии истиқлолият дорем, ҳамаи мо аз ҳукумати кишвар розӣ ҳастем ва Ҷаноби олӣ розӣ ҳастем? Барои ҷаноби Олӣ ҳама ба пеш!
- Ба пеш!!!
- Мо ин корро ҳал мекунем, кӯшиш мекунем. Мӯҳтарам мусофирон шаҳрвандон, шумо мехоҳед, ки ҳамаи масъалаҳо сари вақт ҳалли худро ёбад? Ҳоло ба ягон хел гапҳои иғвоангезона дода нашавед, рост аз паси корҳо шавед. Ҳамаи шуморо хабардор мекунем, ки парвозҳо барқарор шуданд.
- Муҳтарам Субҳонзода мо ду бор аз духтур гузаштем (маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани бемории коронавирус гирифтем - идора), 150 сомонӣ (арзиши супоридани ташхиси коронавирус - идора) сӯхт. Мо чӣ кор кунем?
- Барои ҳал кардани ин мушкилӣ мо корбарӣ мекунем ва кӯшиш мекунем роҳи ҳалашро ёбем. Ҳоло оромакак аз паси кор шавед.
- Мо халқ дар даст чипта дорем, ҳоло чӣ кор кунем?
- Истед, оиди баррасӣ масъала мо пайгирӣ ва корбарӣ мекунем, шумо фақат интизори ҷавоб шавед, аз пайи корҳо шавед.
- Куҷо равем мо?
- Марҳамат равед... Як чиза фаромӯш накунед, давлати мо тинҷ аст, давлатҳои ҳамсояро дида истодааед, тинҷӣ муқаддас аст.
Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Қариб як миллиард пули “Сомон Эйр”: Субҳонзода зарар аз коронавирусро гуфт
-Шумо фақат гуед, ки кай сар медиҳед?
- Ман сар додан ё надодан ҳуқуқ надорам. Талаботи ҷорӣ аст, талабот бояд риоя карда шавад, баъд иҷозат дода мешавад. Талабот бояд иҷро шавад, масъала кӯшиш мекунем дар фурсати кӯтоҳтарин ҳал шавад. Нашуд, боз пагоҳ саҳар ҳам меоям. Кӯшиш мекунем масъала дар фурсати кӯтоҳтарин ҳалли худро ёбад.

Аз барқароршавии парвозҳо то лағв кардани хатсайрҳо

Ёдрас мешавем, парвозҳои муқаррарӣ байни Тоҷикистону Русия аз 1 апрел барқарор шуданд. Нахуст Тоҷикистону Русия ба ду ширкат "Сомон Эйр" ва "Ютэйр" иҷозаи анҷом додани парвозҳои муқаррариро дод.
Дар ҳамин ҳол чанд ширкати русӣ, парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд.
Аз мобайнҳои моҳи май сар карда агентии авиатсия парвози чанд ширкати русиро лағв кард.
Аз ҷумла 18 май агнетӣ шарҳ дод, ки чаро парвозҳои ширкатҳои “Сибир” ва “Северний ветер” – ро лағв кардааст.
Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ин ширкатҳо, тибқи созиш, мувофиқаи пештар расидаи ҷонибҳо риоя накарда, нархи чиптаро баланд бардоштанд ва дар пайи ин даҳҳо мусофир ба мақомот аз нархҳои баланд шикоят оварданд.
Здание международного аэропорта Гагарин в Саратовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвоз ба Тоҷикистон аз як шаҳри муҳоҷирнишини Русия низ имконпазир шуд
“Онҳоро даъват намуда, огоҳ карда будем, ки дар муҳлати се рӯз қиматҳоро поён оранд, дар акси ҳол, парвозҳои шуморо қатъ хоҳем кард. Онҳо протоколро имзо намуда, ваъда супурданд, ки нархҳоро поён хоҳанд овард, аммо наоварданд. Ин талошҳои мо ҳам сирфан ба он хотир буд, ки манфиатҳои мусофирин ба назар гирифта шавад, аммо ширкатҳо манфиати хешро пеш гузоштанд”.
Дертар, 21 май гузориш дода шуд, ки се ширкати ҳавонавардии Русия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон расман мактуб кардаанд, ки омодаанд интиқоли мусофирин ба Русияро бо ҳудуди 500 доллар анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, 22 май гузориш дода шуд, ки Агентии авиатсияи гражданӣ ин дафъа парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро боздошт.
Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармонданд.
Агентӣ расман 22 май хабар дод, ки акнун баъди мувофиқа бо се ширкати русӣ "Сибирь", "Уральские авиалинии" ва "Ямал" мусофирон метавонанд ба 500 долларӣ аз онҳо чипта харанд.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Сарсонии мусофирону шарҳи раиси Агентии ҳавонавардӣ: чаро “Северний ветер” парвоз накард?
Ёдрас мешавем, ҳанӯз як моҳ пеш, охирҳои моҳи апрел Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба ҷаласа даъват карда буд, ки нархи чиптаро танзим кунанд.
"Мо аз онҳо дархости қатъӣ кардем, ки барои поён бурдани қимати чиптаҳо чораи қатъӣ ҷӯянд ва беасос нархи чиптаро боло набаранд", - гуфта буд Субҳонзода.
Ин дар ҳолест, ки мусофирони тоҷик аз арзиши ҳангуфти чӣ чиптаҳои ширкатҳои русӣ ва ширкати ватанӣ шикоят мебаранд. Пештар ин маълумотро ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷиктистон тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0