Бе боҷу андоз: Раҳмон қарори Ҳукумат барои арзонии ғизою сӯзишвориро имзо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Ҳукумати Тоҷикистон барои вуруди бархе намуди ғизо ва маводи сӯхт бидуни пардохти боҷу андоз иҷозат дод
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ барои вуруди анвои озуқаворӣ ва сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дод.
Ҳукумат бо қарораш ҳаҷму номгӯйи маҳсулотеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз ворид мегарданд, тасдиқ намуда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки анҷоми саривақтии расмиёту истифодаи мақсадноки ғизо, бензин ва сӯзишвории дизелии воридшавандаро таъмин созад. Дар мавриди ҳаҷми мушаххас, ки бе пардохти боҷу андоз ворид мешавад, феълан иттилое дастрас нест.
Қаблан парлумон бо тағйири қонуни буҷаи соли 2021 барои вуруди сӯзишворию маводи хӯрока бе пардохти боҷу андоз иҷозат дод. Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳадафи ин иқдомро таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзёбӣ кард.
Очередь за авиабилетами в авиакассу в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
"Бардорад зам кун?" чуну чарои билетҷаллобӣ дар Тоҷикистон
Ин тасмим дар ҳолест, ки ахиран нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Аз ҷумла нархи фурӯши чаканаи бензин аз 5,2 сомонии баҳори соли гузашта то ба 8,6 сомонӣ дар баҳори соли равон расид.
Феълан маълум нест, ки ин иқдом то куҷо ба нарх дар бозор таъсир хоҳад кард. Ҳукумат дархости ширкатҳои дигари воридкунандаи сӯзишвориро дар мавриди озод карданашон аз боҷу андоз, ки моҳи апрели соли равон расонаӣ шуд, қонеъ накардааст.
Одатан Агентии захираҳои моддӣ дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 584 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки ҳиссаи асосӣ (532 ҳазор тонна) он аз Русия аст. Аммо, ин натавонист аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар НФС-ҳои ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала