Даргузашти Холматов, табиби шинохтаи тоҷик дар синни 93-солагӣ - акс

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Профессор Исроил Холматов Бобоҷонович, яке аз поягузорони табобату ҷарроҳии бемориҳои гӯш бо усулҳои муосир дар Тоҷикистон ҷаҳонро падрӯд гуфт
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Профессор Исроил Холматов, аълочии соҳаи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки устоди бисёре аз табибон дар Тоҷикистон дониста мешавад, дар синни 93-солагӣ даргузашт.
Дар бораи даргузашти Холматов, Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ дар сафҳаи хонаводагияш хабар дода, ба наздиконаш сабри ҷамил хостааст.
“Хабари марги яке аз шахсиятҳои бароям азиз, поягузори соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, инсони наҷиб, олими варзида ва меросбари Ибни Сино, доктори илми тиб, профессор Холматов Исроил Бобоҷоновичро шунида хеле андӯҳгин шудам. Садҳо афсус мехӯрам, ки боз як инсони соҳибкасб ва кӯмакрасони мардум аз байни мо рафт”, - навиштааст Ҷӯрабек Муродов.
Тафсилоти бештар ва иллати даргузашти Холматов феълан маълум нест.
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки номи Исроил Холматов ҳамчун инсони соҳибхираду соҳибэҳтиром ва кору пайкори ӯ ҳамчун табиб дар таърихи илми тибби тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд ва мактаби ӯ бо шогирдонаш номи ӯро зиндаву ҷовидон хоҳанд дошт.
Больница в Коммунарке для пациентов с подозрением на коронавирус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2020
Вазорат ба сокинон: таби баланду сулфаи хушк... доред, фавран ба табиб занг занед
“Аз номи аҳли оилаам ба пайвандону наздикони шодравон Исроил Холматов ҳамдардии амиқ баён намуда, аз Худованди меҳрубон сабри ҷамил хоҳонам. Ёди табиби ҳозик ва инсондӯст ба хайр бошад!”, - таъкид кардаст Муродов.
Исроил Холматов, оторино­ларингологи тоҷик, соли 1928 дар деҳи Оқтеппаи ноҳияи Спитамен (собиқ Нов) таваллуд шуда, унвонҳои доктори илмҳои тиб (1972), профессор (1976), Аълочии ҳифзи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), духтури хизматнишондо­даи ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро (1950) хатм кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала