Даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Собиқ вазири фарҳанг ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон профессор Раҷабмад Амиров аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҷабмад Амиров дар синни 67-солагӣ, бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар ин бора ҳамкорон ва шогирдонаш дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, марҳум аз дарди ҷигар ранҷ мебурд.
Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.
Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекард.
Марҳум фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
“Илтиҳоби шуш” ё грипп? Даргузашти аккоси маъруфи тоҷик
Солҳои 1989-1990 ба ҳайси ректори ин донишкада фаъолият кардааст.
Солҳои 2001-2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Соли 2007 дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ кор карда буд.
Амиров муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад. Ӯ дар таҳияи Қонуни ҶТ "Дар бораи фарҳанг", "Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг", "Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон", "Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон" фаъолона иштирок намудааст.
Раҷабмад Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Ҷашнвораи байнулмилалии "Садои дилҳо", Ҷашнвораи байнулмилалии "Фалак", Ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ таҳти унвони "Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)" мебошад.
Амиров бо медалҳои "Остона"-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии "Мин-он" Ҷопон (2005), "10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ" (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0