Чархҳои сархӯр: ҳалокати ду пирамард дар роҳҳои Тоҷикистон - зери чархи мошин монданд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкРабота шиномонтажной мастерской в Великом Новгороде
Работа шиномонтажной мастерской в Великом Новгороде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду пирамард дар паи ноуҳдабароии ронандагон дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ду марди солхӯрда - яке пирамарди 73-сола ва дигаре 66-сола дар паи садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи аввалӣ рӯзи 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:50-дақиқа дар роҳи мошингарди "Ворух-Исфара", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар шарҳи ин ҳодисаи нохуш ВКД мегӯяд, ронандаи 33 - солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди "Ворух-Исфара", аз идораи автомашина набаромадааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Тафсилоти нав дар садамаи мудҳише, ки 6 узви як хонавода дар Кӯлоб ҳалок шуданд
Ӯ дар ин ҳол, пиёдагарди 66-сола, сокини шаҳраки Турсунзодаро, ки аз тарафи рости роҳ ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагард ба саломатиаш ҷароҳатӣ вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Садамаи дуюм, ки боиси марги пирамарди 73-сола шудааст, дирӯз, тахминан соати 15:25 дар роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи "Мерседес-Бенс-Спринтер", сокини 53-солаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ронандаи хатсайри №80, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди Автостансияи ноҳия, аз уҳдаи идораи автомашина набаромадааст.
Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
Ӯ пиёдагарди 73-сола, ки сокини щамин нощия буд, пахш намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагард ыарощатщои вазнини ыисмонь бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.

ВКД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0