Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ: 14 нафар ғолиб шуданд

© котиботи Вазорати маорифи ТоҷикистонИштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои миёнаи касбии Тоҷикистон
Иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои миёнаи касбии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ бо иштироки 333 нафар аз 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, муҳассилин дар Озмун аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, биология, кимиё ва информатика зӯрозмоӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, аз 333 нафар иштирокчӣ 14 нафар ҷойҳои якум, дуюм, сеюмро ба даст оварда, соҳиби Диплом ва медалу туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун гардиданд. Ҳамзамон, ба 34 нафар иштирокчӣ барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмун “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим карда шуданд, омадааст дар иттилоия.
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмиллалии  INFOMATRIX-2017 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2017
Хонандагон дар олимпиадаи байналмиллалӣ бо 10 медал парчами Тоҷикистонро боло карданд
Таъкид шудааст, ки аз рӯйи баҳогузории ҷамъбасти умумӣ, дастаи Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ бо ба даст овардани 3 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи якум, дастаи Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар (Даво) бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи дуюм ва дастаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи сеюм сарфароз гардонида шуданд.
Муҳаррамхон Раззоқова, донишҷӯйи соли дуюми факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ, ки аз фанни биология ҷойи аввалро сазовор гардид, изҳор дошт, ки дар рафти озмун рақобат хеле ҷиддӣ ва пуршиддат сурат гирифт.
“Пас аз оне, ки дар ҷамъбаст номамро гирифтанду ҷойи якум ба даст оварданамро эълон карданд, даступохурда шудам. Саропо пур аз ҳаяҷон будам. Хеле шодам, ки ҷойи аввалро ба даст овардам. Барои ин аз тамоми устодонам, ки дар таълиму тарбияи ман саҳми босазо доранд, аз самими қалб изҳори сипос менамоям,- гуфт Раззоқова.
Суман Саидова, донишҷӯйи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мегӯяд, боварӣ дошт, ки ғолиб меояд.
“Аммо намедонам, чаро чунин шуд. Шояд воқеан дониши ман ба дараҷаи дониши онҳое, ки ғолиб омаданд, набуд. Вале ман дар солҳои оянда иштирок ва исбот мекунам, ки сазовори ғолибият ҳастам”, - иброз дошт ӯ.
Мақомдорони маориф таъкид кардаанд, ки тамоми чораҳо барои шафофу мунсифона баргузор шудани озмун андешида шуда, ҳайати доварони хуб ҷалб гардидаанд.
“Дар сурати ошкор гардидани камбудию мушкилоти мушаххас дар самти ташкилу баргузории чунин озмунҳо аз ҷониби иштирокчиён, омӯзгорон ва намояндагони дигар табақоти ҷомеа масъулини Вазорати маориф ва илм барои бартараф намудани масоили ошкоргардида чораҳои зарурӣ меандешанд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати маориф.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала