Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Шарҳи Қирғизистон дар бораи "роҳ" надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкек

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Мақомоти Қирғизистон сабаби роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкекро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар фурудгоҳи "Манас" Хадамоти марзбонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Душанбе омада буданд ва мебоист ба Русия парвоз кунанд, иҷозаи идомаи сафарро надоданд.
Sputnik Қирғизистон аз қавли хадамоти матбуоти ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Манас", мегӯяд, сабабаш маҳдудиятҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷоришуда мебошад.

"Рӯзи 25 май, соати 23:11 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" ба фурудгоҳ расид. Дар ҳавопаймо 186 нафар: 177 шаҳрванди Тоҷикистон ва нӯҳ шаҳрванди дигар кишварҳо буданд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, сабаби роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки Қирғизистон маҳдудиятҳои муваққатие буд, ки Қирғизистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷорӣ кард.
"Нӯҳ нафар сабти ном шуда, дар Бишкек монданд, дар ҳоле ки ҳавопаймо бо тоҷикон соати 03: 17-и 26 май ба Душанбе парвоз кард", - афзудааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо аз банд мондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи "Манас" - и Бишкек хабар доданд.
Гуфта мешуд, мақомоти Қирғизистон ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек иҷозаи идомаи сафар надодаанд.
Международный аэропорт МАНАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Саргардонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек ва бозгашташон ба Душанбе
Ҳамин тавр, 200 нафар аз ин мусофирон бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Бишкек омада ва қарор буд ба Русия парвоз кунанд ва ҳамчунин 100 мусофири дигар аз Русия ба Қирғизистон ворид шуда, қасд доштанд ба Тоҷикистон раванд.
Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бораи баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғиистон иттилоъ надорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 май нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.
Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Шарҳи марзбандӣ: Қирғизистон гуфт, барои киҳо иҷозаи убури сарҳадро медиҳад
Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад.
Нофаҳмиҳо нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт.
Сабаби таниши ахири марзӣ тақсимоти оби “Головной” гуфта мешавад.
Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳоло вазъият мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала