Тоҷикистон дар феҳрасти кишвари боз барои гардишгарон аз Русия

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦентра отдыха и туризма "Душанбе", район Душанбе
Центра отдыха и туризма Душанбе, район Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Тоҷикистон дар қатори 15 кишвари дигар ба феҳрасти давлатҳое шомил шуд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд бидуни мамоният сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯзҳо шаҳрвандони Русия барои истироҳат ҳангоми рухсатӣ ба 16 кишвари ҷаҳон сафар мекунанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.
Бино бар иттилои ташкилот, бо далели пандемия чанд мушкилӣ роҳи сайёҳонро мегирад.
Омодагии қабули гардишгарон дар як қатор кишварҳо ва барқарор будани парвозҳо бо Русия шаҳодати дастрасии соҳа барои сайёҳон аз Русия нест.
Документы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Визаи ягонаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон: Тоҷикистон чӣ?
Феълан 47 кишвар омода аст, ки сайёҳонро қабул кунад, аммо ҳамагӣ 16 кишвар аз онҳо дар ҳақиқат барои сайёҳони Русия бо ин ё он шароит кушода аст
"Ба ҳолати 26 май ин кишварҳо: Абхазия, Арманистон, Беларус, Юнон, Миср, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Молдиви, Мексика, АМА, Сербия, Сейшел, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳабашистон мебошанд", - таъкид кардааст ташкилот.
Ҳамчунин таъкид карда мешавад, шароити убури бидуни мамонияти сарҳадот дар ҳар як кишвар гуногун аст.
Барои ҳамин, пеш аз сафар бояд тамоми талаботҳоро омӯхт.
Туроператорҳо таъкид мекунанд, 12 кишваре, ки парвозро расман Русия барқарор кардааст, феълан ба қабули сайҳон аз Русия омода нестанд.
Инҳо Озарбойҷон, Австрия, Ветнам, Олмон, Исландия, Ҳиндустон, Қатар, Малта, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Финландия, Швейтсарият, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои мустақим барқарор шудаанд. Ҳоло Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони Русияро қабул мекунад, аз ҷумла онҳое, ки бо мақсади сайёҳӣ ба мамлакат ворид мешаванд. Асосаш барои ин раводид лозим нест.
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Аммо гардишгарон аз Русия бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирусро дошта бошанд.
Афзун бар ин, агар шаҳрванд ҳарду вояи ваксинаи "Спутником V"-ро гирифта бошад низ, метавонад бидуни пешниҳоди маълумоти тиббӣ вориди Тоҷикистон шавад.
Агар аз ваксинзанӣ бештар аз як моҳ гузашта бошад, метавонад бидуни маълумоти тиббӣ вориди кишвар шавад, агар камтар, бояд онро ба даст орад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала