Чигуна шаҳрванди хориҷӣ метавонад ба донишгоҳҳои Русия дохил шавад - видео

Роҳбари Россотрудничество Евгений Примаков - дар бораи симои Русия дар хориҷа ва барномаҳои донишҷӯён барои хориҷиён гуфт
Вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, ки ҳамаи донишгоҳҳои Русия барои қабули довталабон омодаанд.
Роҳбари Россотрудничество Евгений Примаков тавзеҳ дод, ки чӣ гуна як шаҳрванди хориҷӣ метавонад дар Русия таҳсил кунад:
"Дар байни довталабон аз кишварҳои ҳамсоя ҳамеша таваҷҷӯҳи зиёд ба таҳсил дар Русия вуҷуд дошт. Ва ҳоло ҳам ин боқӣ мондааст. Зиёданд ҷавононе, ки ба портали махсус дархост равон кардаанд", - гуфт Примаков.
Евгений Примаков - Sputnik Тоҷикистон
Евгений Примаков
Роҳбари Россотрудничество
Бо сабаби пандемияи коронавирус, марзҳо баста шуданд ва аксари ҷавононе, ки ба донишгоҳҳо дохил шуданд, омада натавонистанд. Пас аз кушодани марзҳо тадриҷан донишҷӯёни хориҷа вориди Русия мешаванд.
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад
Ба гуфтаи вай, ҳадафи аслии ба таҳсил фаро гирифтани хориҷиён бозгашти онҳо ба ватан ҳамчун мутахассисони баландихтисос барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишварҳояшон мебошад:
"Вазифаи асосии мо таълим додани донишҷӯёни кишварҳои ҳамсоя ва тақвияти ин кишварҳо мебошад", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Примаков, барои дохил шудан ба донишгоҳи Русия пеш аз ҳама бояд ба вебсайти https://studyinrussia.ru/ даромада ариза пешниҳод кард.
Вай афзуд, ки ба зудӣ имкони санҷиши онлайн дар онҷо пайдо мешавад.
Ҷавононе, ки ба интернет дастрасӣ надоранд, ҳамаи ин равандҳоро метавонанд дар намояндагии Россотрудничество дар кишварҳояшон гузаранд.
Мусоҳибаи пурраи роҳбари Россотрудничество Евгения Примаковро аз навори боло тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала