Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Беш аз 700 мусофири дармондаи "Северний ветер" ба Русия парвоз карданд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Nordwind AirlinesСамолет авиакомпании "Nordwind"
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Зиёда аз 700 мусофири саргардони ширкати ҳавопаймоии "Северний ветер" ба Русия парвоз карданд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Северний ветер" бо ду парвоз яке ба самти Иркутск ва дуюмӣ ба Қазон беш аз 700 мусофири дармондаро ба Русия расонд.
Дафтари матбуотии фурудгоҳи Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвоз ба шаҳри Қазон соати 2:30 бо 480 мусофир ва парвоз ба шаҳри Иркутск субҳи рӯзи 27 май, соати 5:50 бо 240 мусофир анҷом шуданд.
Дар маҷмӯъ тариқи ин ду парвоз беш аз 700 мусофири саргардон ба Русия интиқол ёфтанд.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия
Дафтари матбуотии фурудгоҳи Душанбе гуфт, ҳоло ҷузъиёти парвози сеюми "Северний ветер", ки бояд ба шаҳри Санкт-Петербург анҷом дода шавад, маълум нест.
Ёдрас мешавем, садҳо мусофирони тоҷик дар паи лағви парвозҳои ширкати "Северний ветер" рӯзҳои 18,21,22 ва 23 май натавонистанд ба Русия парвоз кунанд. Чунин вазъ дар пас аз ҷорӣ намудани маҳдудияти рӯзи 11 май аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нисбати ширкати ҳавопаймоӣ ба далели баланд будани нарх, рух дод.
Ҳамин тавр, мусофирони дармонда рӯзи 26 май, дар назди фурудгоҳи Душанбе ҷамъ омада буданд ва ахиран директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода назди норозиён баромад ва дар шарҳи вазъ ба мардум фаҳмонд, ки ин тасмим барои иҷро нашудани талаботи ин ниҳод аз ҷониби ширкати русӣ гирифта шудааст.
Ӯ гуфт, "мо аз онҳо дархости қатъӣ кардем, ки барои поён бурдани қимати чиптаҳо чораи қатъӣ ҷӯянд ва беасос нархи чиптаро боло набаранд", - гуфта буд Субҳонзода.

Аз барқароршавии парвозҳо то лағви хатсайрҳо

Ёдрас мешавем, парвозҳои муқаррарӣ байни Тоҷикистону Русия аз 1 апрел барқарор шуданд. Нахуст Тоҷикистону Русия ба ду ширкат "Сомон Эйр" ва "Ютэйр" иҷозаи анҷом додани парвозҳои муқаррариро дод.
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
"Шумо аз Президент розиед?": мусофирони дармонда чӣ пурсиданду Субҳонзода чӣ посух дод
Дар ҳамин ҳол 5 ширкати русӣ - “Ямал”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Ютэйр” ва ""Северний ветер" парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд.
Аз миёнаҳои моҳи май агентӣ парвози ду ширкат “Сибир” ва “Северний ветер” – ро лағв кард.
Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ширкатҳо, тибқи созиш, мувофиқаи пештар расидаи ҷонибҳо риоя накарда, нархи чиптаро баланд бардоштанд ва дар пайи ин даҳҳо мусофир ба мақомот аз нархҳои баланд шикоят бурд.
Дертар, 21 май гузориш дода шуд, ки се ширкати ҳавонавардии Русия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон расман мактуб кардаанд, ки омодаанд интиқоли мусофирин ба Русияро бо ҳудуди 500 доллар анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, 22 май гузориш дода шуд, ки Агентии авиатсияи гражданӣ ин дафъа парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро боздошт. Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармонданд.
Самолет Узбекских авиалиний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Ӯзбекистон парвозҳо бо ду кишварро қатъ кард: бо кадом?
Агентӣ расман 22 май хабар дод, ки акнун баъди мувофиқа бо се ширкати русӣ "Сибир", "Уралские авиалинии" ва "Ямал" мусофирон метавонанд ба 500 долларӣ аз онҳо чипта харанд.
Дар ҳамин ҳол, таҷаммӯи мусофирон дар назди Фурудгоҳи Душанбе баъд аз зуҳри 26-уми май оғоз шуд ва қариб ду соат идома дошт.
Ҳафтаи гузашта Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ иҷозатномаи ширкати "Северний ветер"-ро барои ба гуфтаи мақомот баланд бурдани нархи билет бекор кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала