Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоиӣ ва русӣ нисбат ба рӯзи гузашта коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1535 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта бонкҳои кишвар бар ивази 1 рубл 0, 1540 сомонӣ медоданд. Асъори русӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки рӯзи гузашта ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, имрӯз каме коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар бозори асъори Тоҷикистон 1 евро 13,8466 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 13.8466 то 13.8700 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1535 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0