Боздошти сокини Душанбе дар фурудгоҳ: мехост қариб 4 кило героинро Маскав барад

© Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТМусодираи героин дар фурудгоҳи Суғд
Мусодираи героин дар фурудгоҳи Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Сокини шаҳри Душанбе қасд дошт маводи мухадирро тариқи хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Маскав ба кишвари ахир интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар паи баргузории чорабиниҳои фаврӣ–ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Суғд сокини шаҳри Душанберо ба гумони қочоқи маводи мухддир боздошт карданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод шаҳрванд, М.М.Р. сокини 39-солаи шаҳри Душанбе, дар вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид.
Гуфта мешавад, ки гумонбар соҳиб 4 фарзанд буда, муваққатан бекор будааст.
Изъятые пакеты с наркотиками. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2017
Пирмарде аз Афғонистон ба Тоҷикистон беш аз 50 кг маводи мухаддирро қочоқ овард
Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадон, гумонбаршаванда махфигоҳи махсусе сохта, дар дохили он як адад бастаи селофании скочпечи дорои бӯи махсусро ҷойгир кардааст", - омадаатс дар хабарнома.
Ҳамчунин манбаъ афзуда, ки аз кисаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда як адад бастачаи селофании дорои маводи кулӯхчамонанди зардчатоб бо бӯи махсус ёфт шудааст.
"Муайян карда шуд, ки маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи героин буда, вазни умумии он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд", шарҳ медиҳад Агентӣ.
Зимни бозпурсӣ М.М. иқрор кардааст, ки мехост маводи нашъадорро бо мақсади фурӯш тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва интиқол диҳад.
Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳамин ҳол нисбат ба шаҳрванд М.М.Р. бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0