Брэд Питт дар додгоҳ бар Анҷелина Ҷолӣ пирӯз шуд

© Sputnik / Алексей Петров / Гузариш ба медиабонкАнджелина Джоли и Брэд Питт, архивное фото
Анджелина Джоли и Брэд Питт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Мурофиаи байни собиқ зану шавҳар Брэд Питт ва Анҷелина Ҷолӣ қариб 5 сол идома дошт
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" Брэд Питт дар додгоҳ бар Анҷелина Ҷолӣ дар мавриди парасдории шаш фарзанд пирӯз шуд.
Мурофиа байни собиқ ҳамсарон ҳудуди 5 сол идома дошт. Бо қарори додгоҳ Питт ва Ҷолӣ дар парасторӣ ва тарбияи кӯдакон ҳуқуқҳои баробар гирифтанд.
Таъкид карда мешавад, ки дар созишномаи парасторӣ тағйироти кулл ворид карда шуд, ки моҳияти он ҳанӯз ошкор карда намешавад.
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷолии ҳамакора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2015
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷоллии ҳамакора
Бино бар иттилои манбаъ, пас аз қарори додгоҳ Питт изҳор доштааст, шод аст. Феълан ҳунарманд мехоҳад, ки вақти бештарашро бо фарзандонаш - Мэддокси 19-сола, Пакси 17-сола, Захарайи 16-сола, Шайлои 14-сола, ҳамчунин Вивен ва Нокси 12-сола гузаронад.
Моҳҳои ахир Ҷолӣ кӯшиш мекард, ки кӯдакон бо Питт иртиботе надошта бошанд.
Феълан, собиқ ҳамсарон қарори додгоҳро тавзеҳ надодаанд. Пештар Ҷолӣ якчанд маротиба кӯшиш карда буд, ки додситон Ҷон Удеркиркро дар нақзи қонун ҳангоми раванди бараасӣ муттаҳам карда, аз мақом барканор кунад.
Ёдрас мешавем, Анҷелина Ҷолӣ ва Брэд Питт дар соли 2016 аз ҳам ҷудо шуданд. Талоқи ҳунармандон ҷанҷолбарангез буд. Сабаби аслии ҷудошавии ҷуфтҳое, ки 12 сол зиндагии якҷоя доштанд, маълум нест.
Дар солҳои зиндагии якҷоя Питт ва Ҷолӣ се кӯдакро фарзандхонӣ карданд ва се фарзанд ба дунё оварданд. Пас аз талоқ Ҷолӣ талаб кард, ки Питтро аз ҳуқуқҳои падарӣ маҳрум кунанд.
Лентаи хабарҳо
0