Чин, ки як сол контейнерҳои холиро аз Тоҷикистон қабул накард, тасмимашро тағйир дод

© AP / Matthias SchraderКонтейнеры
Контейнеры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Пас аз авҷи маризии коронавирус, бо контейнерҳое, ки бор аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфт, дар кишвар мемонданд, зеро Чин ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирус, онҳоро дигар қабул намекард
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Контейнерҳое, ки давоми як сол бо бор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди кишвар мешуданду он кишвар дигар онҳоро қабул накард, ҳоло эълон намудааст, ки контейнерҳои дар Тоҷикистон "тӯдашуда" - ро бозпас мегирад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, сар аз 17 май, Чин контейнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашударо, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.
На узбекско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд
Масъалаи интиқоли молу коло аз Чин ба Тоҷикистон ва ҳамчунин бозпас қабул гардидани контейнерҳо, рӯзи 27 апрел дар ҷаласаи сеюми гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳади ин ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода мшуд.
Манбаъ меафзояд, соли гузашта дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус, Чин контейнерҳое, ки аз он кишвар бо бор вориди Тоҷикистон мешуданд, дигар қабул накард.
Бори навбатӣ танҳо бо контейнерҳои нав ворид мешуд. Ҳоло барои бозпас гирифтани онҳо аз интиқолдиҳандагон иҷозат дода шуд", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, ки бурузи вируси COVID - 19 зиндагии тамоми башариятро ба ҳам зад. Ҳоло вазъият дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала