Чор муштзани тоҷик ба даври нимниҳоии Қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт: киҳо

Вид на арену стадиона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Маълум шуд, кадом муштзанҳои тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Аз 11 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии муштзании Осиё дар Дубай муаррифӣ мекунанд, чор нафарашон ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова имкон доранд дар даври дигар қувваозмоӣ кунанд.
Қаҳрамонии муштзанӣ 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва давоми се рӯз варзишгарон дар 20 вазн (10 вазн миёни бонувон, 10 вазн миёни мардҳо) қувва озмуданд ва пурзӯрҳо ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Софьян Умия (Франция) и Баходур Усмонов (Таджикистан) в поединке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2021
Ғалаба пайи ғалаба: Баҳодур Усмонов дар сабқати сеюми муштзанияш низ пирӯз шуд
Се варзишкори тоҷик дар рӯзи аввали сабқат ба майдон баромада пирӯз шуданд: Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60 кило бар намояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб Ал-Садид Саъд, Абдумалик Болтаев дар вазни 75 кило бар намояндаи Қатар Валид Фаҳад, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91 кило бар варзишгари Қирғизистон Бекболсун Токтосун.
Муштзани тоҷик - Бахтовар Сагизов дар вазни 56 кило аз варзишгари Афғонистон Маликзода шикаст хурд.
Рӯзи дуюми мусобиқа Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило варзишгари Филиппин Пануаян Ҷон Паулро бо накаути техникӣ мағлуб намуда, ба нимфинал баромад.
Фатал Фаталшоев vs Ибрагим Акпери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Нахустин сабқат ва пирӯзии Фаталшоев дар майдони касбии муштзанӣ-видео
Ҷасур Қурбонов дар вазни 91кило аз варзишгари Ҳиндустон Санҷит шикаст хӯрду, бонувонамон Сумайя Қосимова дар вазни 51 кило аз варзишгари Муғулистон Алтансегсег Лутсайхан, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 54 килоаз намояндаи Ҳиндустон Сакшӣ мағлуб шуданд.
Рӯзи сеюм Шаббос Негматуллоев дар вазни 81 кило муҳориба карда, бар варзишгари Афғонистон Нурӣ Силаб пирӯз шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт.
Се варзишгари дигари тоҷик дар муҳорибаи дуюмашон мағлуб гардиданд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг) аз варзишгари Ӯзбекистон Абдумалик Халоқов, Абдумалик Болтаев (75кг) аз намояндаи Эрон Мусавӣ Саидшоҳин ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) аз варзишгари Ӯзбекистон Баҳодур Ҷалолов.
Драка на Чемпионате России по вольной борьбе до 23-х лет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2020
Мусобиқаи гуштирии озод дар як лаҳза ба муштзанӣ табдил ёфт – видео
Ҳамин тариқ, чор варзишгарамон барои ҷоизаҳо муҳорибаро идома медиҳанд.
Дар даври нимниҳоӣ, ки 27 май баргузор мешавад, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило муқобили Ситора Турдибековаи узбекистонӣ, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг муқобили Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия, 28 май Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кило муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба ринг мебароянд.
Ёдрас мешавем, ки бори аввал дар таърихи қаҳрамонӣ ба ғолибон ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 10 000 доллар, барои ҷои дуюм 5000 доллар ва барои ҷои сеюм 2500 доллар тақдим мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд.
Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала