Доктор Абдуллоҳ: "Толибон" дигар баҳонае надорад

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокироти сулҳ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки бо берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дигар Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) баҳонае барои идомаи ҷанг надоранд.
Ба гузориши "Парс тудэй", Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар дидор бо шуморе аз аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат гуфт: "Барои гуфтугӯҳои сулҳ иҷмоъи дохилӣ шакл гирифта ва ҳамзамон басиҷи мардумӣ дар ҳимоят аз низом ва дастовардҳои ду даҳаи ахир вуҷуд дорад."
Второе заседание московского формата  консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
"Толибон" аз Тоҷикистон даъват кард, ки ба нерӯҳои хориҷӣ роҳ надиҳад
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо интиқод аз ҷангталабии Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) афзуд: "Ҷомеи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа тарафдори шаклгирии сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳастанд ва бо хуруҷи қувваҳои хориҷӣ аз кишвар баҳонае барои идомаи ҷанги Толибон боқӣ намондааст."
Дар ин дидор аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат дар бораи охирин пешрафтҳо ва таҳаввулоти нишасти Дуҳа гузориш доданд ва аз идомаи гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда сухани гуфтанд.
Онон якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокирот унвон карданд ва афзуданд, ки ин гурӯҳ тамоюле ба расидан ба тавофуқи сулҳ нишон намедиҳад ва аз мизи музокира фирор мекунад.
Дар ду моҳи ахир ҳамалоти Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба мавозеъи нерӯҳои давлатӣ дар бештари вилоёти Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала