Дастоварди олимони Русия истифодаи ҳабҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксЦентр по профилактике и борьбе со СПИДом
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Истифодаи антибиотикҳо, ба гуфтаи олимон, дар саросари ҷаҳон аз ҳисоби афзоиши бемориҳои аҳолӣ, пайдоиши сироятҳои нав ва истеъмоли бенизоми доруҳои меафзояд
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Олимони Донишгоҳи миллии таҳқиқоти технологии МИСИС нано зарраҳоро барои дақиқ расонидани антибиотикҳо ба маҳалли сироят офаридаанд.
Ба гуфтаи онҳо, истифодаи чунин маводи наноматериалӣ имкон медиҳад, ки миқдори антибиотик дар баъзе ҳолатҳо 6-7 маротиба кам карда шавад ва бо ин ҳам сарборӣ ба организм ва ҳам суръати мутобиқшавии микробҳо ба доруҳо коҳиш ёбад.
Натиҷаҳоин ин ихтироот дар маҷаллаи American Chemical Society Applied Materials Interfaces нашр шудааст.
Истеъмоли антибиотикҳо, ба гуфтаи олимон, дар саросари ҷаҳон аз ҳисоби афзоиши бемориҳои аҳолӣ, пайдоиши сироятҳои нав ва истеъмоли бенизоми доруҳо меафзояд.
Прохладительный напиток с лимоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Олимон муайян карданд, ки кадом нӯшокӣ ба безуррётӣ оварда мерасонад
Истифодаи доимии антибиотикҳо боиси афзоиши муқовимати микробҳо ба онҳо мегардад - имрӯз аксар антибиотикҳои анъанавӣ дар муқобили бисёре аз патогенҳои бактериявӣ нотавонанд, қайд карданд коршиносон.
Бо вуҷуди ин, барои ба даст овардани антибиотики нав 10-20 соли таҳқиқот ва озмоишҳои клиникӣ лозим аст ва дорудармонӣ, ба гуфтаи олимон, ҳанӯз ҳам усули асосии мубориза бо сироятҳо мебошад.
Яке аз роҳҳои ҳалли масъала наногибридҳои зиддимикробист мебошанд, ки барои бартараф кардани муқовимати микробҳо ба доруҳо, ки барои бемор таъсири манфӣ мерасонанд, кӯмак мерасонанд.
Афзалияти асосии ин гуна доруҳо, ба гуфтаи олимон, кам кардани миқдори антибиотик мебошад, ки сарбории организмро коҳиш медиҳад ва инкишофи муқовимат дар микробҳоро суст мекунад.
Нано зарраҳо, ки барои интиқоли мақсадноки антибиотик ба сарчашмаи сироят пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби олимони МИСиС дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони Маркази давлатии илмии микробиология ва биотехнология ба номи В.И. Бах коркард шудааст.
Мувофиқи гуфтаи онҳо, наногибриди нав дар асоси нитридҳои шашкунҷаи бор (h-BN) бо зарраҳои нуқра фаъолияти баланди зиддимикробӣ нишон дод.
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Норасоии ин витамин боиси марг аз коронавирус мегардад
Наногибридҳои нав қобилияти нобуд кардани шумораи бактерияҳо ва бемориҳои сироятиро бо истифода аз моддаҳои камтар фаъол нисбат ба антибиотикҳо дар бозор доранд
Дар баъзе ҳолатҳо, ин фарқият ба 6-7 маротиба мерасад. Масалан, консентратсияи ҳадди ақали гентамитсин бар зидди навъи E. Coli U-122 256 мг / л мебошад, дар ҳоле ки наногибрид бо ҳамин дору дар 40 мг / л чунин таъсир ба даст меорад.
Ғайр аз он, нано заррачаҳои ба вуҷудомада метавонанд, ба қавли олимон, "сарбории" афзояндаи антибиотикҳоро бардоранд ва ба осонӣ ба бофтаҳо аз системаи гардиш ва бозгашт ворид шуда, интиқоли пайвастаи доруҳоро ба маҳалли сироят таъмин кунанд.
Ба гуфтаи олимон доруҳо аз санҷишҳои лабораторӣ гузашта натиҷаҳои назаррас нишон додаанд..
Айни замон, гурӯҳи тадқиқотӣ озмоиши пеш аз клиникии наногибридҳои навро идома медиҳад. Гуфта мешавад, тадқиқот дар доираи лоиҳаи RSF № 20-19-00120 гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала