Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марз оромист- изҳороти нави КДАМ Қирғизистон дар бораи вазъи марз бо Тоҷикистон

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби қирғизҳо захмӣ кардану куштани чорвои сокинони наздимарзӣ мегӯянд, вакилони қирғиз иддао кардаанд, ки тоҷикҳо ба сӯи чорвояшон оташ кушодаву сокинони кишварро ба чарогоҳ роҳ намедиҳад
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон изҳороти вакили парлумони Қирғизистон - Жогорку Кенеш Аккулу Бердиевро дар бораи он ки гӯё низомиёни Тоҷикистон сокинони ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ошро ба чарогоҳ роҳ намедиҳанд, рад кардааст.
Дар ин бора хабаргузории 24.kg гузориш медиҳад.
Хадамот таъкид кардааст, ки ба ҳолати соати 17:00 вақти маҳаллӣ, санаи 27 май вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.
Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Шарҳи марзбандӣ: Қирғизистон гуфт, барои киҳо иҷозаи убури сарҳадро медиҳад
"Ёдрас мешавем, ки 18 майи соли равон дар маҳалли Унҷу Булак ноҳияи Чан-Алайи вилояти Ош мулоқоти намояндагони марзии Қирғизистон бо намояндагони марзии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар пайи мулоқот созиш карда шуд, ки ҷонибҳо бо ҳамоҳангсозӣ шаҳрвандони Қирғизистонро ба чарогоҳ тавассути қитъаи номуайяни марзи давлатӣ роҳ медиҳанд. Имрӯз пас аз гуфтушунидҳо шаҳрвандони Қирғизистон, ки мехостанд ба чарогоҳ тавассути марзи муайянношуда гузаранд, роҳ дода шуанд", - омадааст дар изҳороти КДАМ Қмрғизистон.
"Маълумот дар бораи тир кушодан ба ҷониби хонаҳои сокинон ва чорвои шаҳрвандони Қирғизистон тамоман асос надорад", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, имрӯз дар ҷаласаи парлумон вакили қирқиз Бердиеев изҳор доштааст, ки Тоҷикистон сокинони Чон-Алайро ба чарогоҳ роҳ намедиҳад. КДАМ Қирғизистон даъват кардааст, ки пеш аз расонаӣ кардани маълумоте онро тафтиш кунанд, то ба ноустувор гардидани вазъ роҳ надиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар хабар дода шуд, ки марзбонони Қирғизистон Қурбонбой Зобиров, як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳро боздошт кардаанд.
Ҳодисаи боздошти ин сокини Хоҷаи Аъло аз сӯи марзбонони қирғиз, бегоҳии дирӯз баъди он, ки ду сар чорвои калони шохдор (гов) ба чарогоҳҳои ҷониби ҳамсоякишвар гузаштанд, сурат гирифтааст.
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ултиматум ё зарурат: чаро тоҷиконро ба Қирғизистон роҳ надоданд
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шоми дирӯз 26 май, марзбонони қирғиз барои убури чарогоҳ ду сар гови сокинони наздимарзии Хоҷаи Аълоро захмӣ намудаанд.
“Вақте Қурбонбой Зобиров аз ин ҳол бохабар шуда, барои наҷоти чорвояш рафтанӣ мешавад, сарҳадбонони қирғиз ӯро мавриди боздошт қарор медиҳанд”, - гуфт Шомадов.
Номбурда гуфт, дар ҳоли ҳозир барои раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон марзбонони кишвар бо ҷониби Қирғизистон гуфтугӯ доранд.
Аз деҳаи Хоҷаи Аъло низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳамдеҳаашон ҳамзамон мавриди зарбу лат қарор гирифтааст.
Ба гуфти онҳо як сар чорворо мурдаву дигарашро пойшикан дарёфт кардаанд.
Дар бораи ин рухдод сокинони шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоъ дода, акси чорвои аз сӯи қирғизҳо кушташударо нашр намудаанд.
Шарҳи расмии ин ҳодиса низ ҳоло аз суи ҷонибҳо нашр нашудааст.Муносиботи Душанбею Бишкек бар асари ҳаводиси ахири марзӣ сард шуд.
Феълан КДАМ Тоҷикистон ин маълумотҳоро тавзеҳ надодааст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизҳо ба чорвои сокини Хоҷаи Аъло ҳамла намуда, соҳибашро боздошт кардаанд
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон иттилоъ дод, ки тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0