Русия эмкунии муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкОткрытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве
Открытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Русия ба наздикӣ масъалаи зарурати эмкунии муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷиро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Масъалаи эмкунии муҳоҷирон аз коронавирус ва донишҷӯёни хориҷӣ ба наздикӣ ҳалли худро меёбад, изҳор дошт муовини раиси Ҳукумати кишвар Татяна Голикова.
Ба гуфтаи вай, зарурати эмгузаронӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз дигар кишварҳо дар сатҳи федералӣ ҳал карда мешавад.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Хуб андеша кунед": Путин дигарбора ба ваксингирӣ алайҳи коронавирус даъват кард
Ин масъаларо губернатори вилояти Астрохан Игор Бабушкин ҳангоми нишасти онлайнӣ дар масоили эмкгузаронӣ аз коронавируси нав назди Ҳукумати Русия гузоштааст.
Ба гуфтаи вай, ваксинатсияи коронавирус дар минтақа тибқи нақшае, ки моҳи март тасдиқ карда шуда буд, ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар вилоят шумораи муҳоҷирон бештар мешаваду хатари паҳншавии коронавирус зиёд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Русия дар ояндаи наздик муҳоҷиронро ваксин заданӣ нест.
Ситоди мубориза бо коронавируси Русия гуфт, ки феълан дар ҳудуди кишвар танҳо шаҳрвандони Русия аз коронавирус эм карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0