Сафорати Ҷопон чор лоиҳаро дар Суғд маблағгузорӣ мекунад: Аҳмадзода ба сафир ҳисобот дод

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель области Раджаббой Ахмадзода
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд якчанд лоиҳа бо кӯмаку дастгирии молиӣ сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот баргузор намуд, хабар медиҳад котиботи раиси ин вилоят.
Ба иттилои манбаъ, Аҳмадзода дар рафти мулоқот изҳор намуд, ки бо кумаки сафорати Ҷопон дар вилоят якчанд лоиҳа амалӣ гардида истодаанд.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Азим Иброҳим гуфт, 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҷопон дар куҷо истифода шуд
Раиси вилоят аз ҷумла гуфт, лоиҳаҳои системаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, сохтмони канали обёрӣ дар Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан, сохтмони маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд татбиқ гардид.
Зимнан, сафири Ҷопон иброз дошт, ки намояндагони сафорат дар маросими баҳрабардории иншоотҳои мазкур иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ меафзояд, Мияшита ва ҳайате, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекарданд, аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд боздид карда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги мардуми тоҷик шинос мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0