Санаи ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ дар Минск дақиқ шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе
 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Президенти Беларус Александр Лукашенко бо котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев санаи ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳодро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Саммит бо иштироки сарони кишварҳои ИДМ 15 октябр дар Минск баргузор шуданист, гуфт президенти Беларус Александр Лукашенко зимни мулоқот бо раиси Кумитаи иҷроия Сергей Лебедев.
"Саммити ИДМ дар Минск дар сатҳи сарони давлатҳо санаи 15 октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст", - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Лукашенко.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Зокирзода ба ҳамтоёнаш аз ИДМ: танҳо якҷо мешавад бо мушкилот мубориза бурд
Лукашенко қайд кард, ки имкони мулоқоти рӯ ба рӯ дар Минск ба наздикӣ дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шуд.
"Ман омодаам дар ин ҷо сарони давлатҳоро шахсан қабул кунам ва барои сӯҳбат мавзӯъҳои ҷиддиро пешниҳод кунам", - гуфт Лукашенко.
28 май дар Минск ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад. Дар назар аст, дар ин ҳамоиш мулоқотҳо дар форамати маҳдуда ва васеъ доир шавад
Лентаи хабарҳо
0