Таъйиди суистифодаи молии муфтии собиқи Қирғизистон

© Sputnik / Бакыт СмаиловЭътироз дар назди муфтиёти Қирғизистон
Эътироз дар назди муфтиёти Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Шӯрои ҳисобрасии идораи рӯҳонияти Қирғизистон пас аз баррасӣ, суистифодаи молӣ дар замони муфтии собиқро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Шӯроии ҳисобрасии идораи рӯҳонияти Қирғизистон эълом кард, ки пас аз ҳисобу китоб мушаххас шуд, маблағи 1 миллиону 894 ҳазору 115 доллар суистифодаи молӣ шудааст .
Пас аз иттиҳому боздошти муфтии собиқи Қирғизистон дар бораи суистифодаи молӣ, натоиҷи ҳисобрасии умури молӣ дар замони вай мунташир шуд .
Ин санад, ки ба имзоии муфтии муваққат Ҷурабой Шерқозиев расида ва дар сафҳаи Фейсбуки шӯрои ҳисобрасӣ низ омадааст .
Митинг владельцев авто с абхазскими номерами в Бишкеке у дома правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Дар маркази Бишкек боз гирдиҳамоӣ аст - навори митинг
Дар ин санад ҷузъиёти шеваи интиқоли пул ва миқдори камбуди он бо ҷузъиёт мунташир шуд .
Мушаххас шудааст, ки дар соли 2020 теъдоди 9586 нафарро барои ширкат дар маросими Ҳаҷ сабти ном карданд, аз ин теъдод 5 ҳазору 519 зоир ҳар кадом 3350 доллар ба ҳисоби бонкии муфтӣ ворид карданд .
Ҳамчунин теъдоди 4067 нафар ҳар кадом 500 доллар хориҷ аз пойгоҳ ворид ва 105 нафар маблағи 500 долларро дохили пойгоҳ ворид карданд .
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 10 феврал Жинешбек Боқиев-ҳисобдори аршади Идораи рӯҳонии мусулмонони Қирғизистонро боздошт кард .
Хадамоти амниятӣ дар баёнияе эълом кард, ки муфтӣ барои бастани ин парванда 100 ҳазор доллар ришва пешниҳод кардааст .
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала