Борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Ҳушдори КҲФ аз таҳдиди селхезӣ дар Тоҷикистон то тобистон
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0