Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Боздошти се тоҷикистонӣ аз ҷониби сокинони Қирғизистон

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон шаб ба 28 май боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Се шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш боздошт шуданд.
Тоҷикистониҳо аз Бишкек ба деҳаи Қара-Тейит расиданд ва сипас мехостанд ғайриқонунӣ марзро убур намуда, ба ватан бираванд, менасвисад Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомот.
"Дар натиҷа, онҳоро сокинони ин деҳа дастгир карданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки яке аз хориҷиён шиносномаи миллӣ доштаасту ду нафари онҳо бо худ ягон санад надоштаанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон 20, 44 ва 48-сола будаанд ва шахсияти онҳо муайян карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба постгоҳи сарҳадӣ оварда шудаанд. Маълум шудааст, ки онҳо дар яке аз заводҳои хишт кор кардаанд. Онҳо изҳор доштаанд, ки шиносномаҳояшон дар ҷои кор мондааст.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хулоса баровардем: пас аз муноқиша бо Тоҷикистон, Қирғизистон марзҳояшро мустаҳкам мекунад
Манбаъ афзуда, ки баррасии ин қазия идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти Қирғизистон ахиран уруби марзро барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои тарки хоки Қирғизистон, танҳо тариқи 5 гузаргоҳ иҷоза дод:
"Қулунду";
"Кайрагач";
"Қизил-Бел";
"Бордебо";
"Қарамиқ"

Таниш ва созиши Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳиби аслии он муайян нашудааст. Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тариқи 5 гузаргоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд Қирғизистонро тарк кунанд: рӯйхат
Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулодда баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд. То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд.
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизҳо ба чорвои сокини Хоҷаи Аъло ҳамла намуда, соҳибашро боздошт кардаанд
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, тарафҳо натавонистанд тақдири беш аз 70 қитъаи баҳснокро ҳал кунанд.
Лентаи хабарҳо
0