Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҳалокати ровии ВВС пас аз ваксинзанӣ бо AstraZeneca

© AFP 2023 / NICOLAS ASFOURIЗдания BBC Bush House в Лондоне
Здания BBC Bush House в Лондоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ровии радиои ВВС дар Бритониёи Кабир пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавирус даргузашт, менависад рӯзномаи The Independent.
Рӯзноманигор Лиза Шоу бо ваксинаи истеҳсоли Бритониё ва Шветсия - AstraZeneca рӯзи 21 май эм шудааст. Аммо аз марги зани 44-сола танҳо акнун маълум шуд.
Мувофиқи гуфтаи наздикони марҳум, пас аз як ҳафтаи эмгузаронӣ бо AstraZeneca, сари рӯзноманигор шадидан дард кардааст.
Дар натиҷа, марҳум тромбоз гирифтааст, ки боиси марги ӯ гардидааст.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Собиқ қаҳрамони ҷаҳон мегӯяд, пас аз ваксинзанӣ бо AstraZeneca аз пояш маҳрум шуд
Аз дафтари ВВС хабар доданд, ки аз рӯи ин қазия тафтишот оғоз шудааст. Эмкунӣ алайҳи коронавирус яке аз версияҳои асосии марг ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҷанҷол дар бораи хатари ваксинаи AstraZeneca дар нимаи моҳи март авҷ гирифт.
Пас аз эмгузаронӣ, беморон гирифтори лахташавии хун шуда, бархе ба ҳалокат мерасиданд.
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
Намояндагони ширкат борҳо изҳор доштанд, ки таъсири манфӣ дар ҳолатҳои истисноӣ рух медиҳад.
Пештар ширкати AstraZeneca гузоришеро дар бораи бехатарии ваксина нашр кард. Дар ин санад гуфта мешавад, ки аз ваксинаи Pfizer дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зиёдтар мемиранд.
Лентаи хабарҳо
0