Ҳалокати сокини Душанбе ба асари латукӯби шадид дар боғи "Мироненко"

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон хабар медиҳад, ки дар куштор муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 25-сола, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карданд, хабар дод дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:50, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии "Мироненко", воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт бо ҷавони 25-солаи сокини Душанбе ҷангу ҷанҷол намудаанд.
Яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола зарбаҳо задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Тафсилоти куштори ҷавони 23 - сола аз дасти бародари худ дар Рӯдакӣ: 10 корд зад - навор
Ин ниҳод сабаби ҷанҷол ва ба марг расонидани ҷавони пойтахро шарҳ надодааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Вазорати умури дохила, қаблан низ аз куштори як сокини 31-солаи Душанбе хабар дода буд, ки ба гумони содир кардани ин ҷиноят марди 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд.
Гуфта мешавад, ин ҳолат низ дар пайи ҷанҷолу занозанӣ сар задааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала