Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ ва харобшавии манзилҳо - мақомот чӣ кумак мекунанд?

© Мақомоти вилояти ХатлонХаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш
Хаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Дар Хатлон дар пайи офати табиӣ 100 гектар замин ва манзилҳои сокинон фурӯ рафт. Хушбахтона, дар пайи ин ҳодиса хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар маҳале, ки аввалҳои моҳи май дар пайи офати табиӣ ҳудуди 100 гектар замин ва манзилҳо фурӯ рафтанд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон гузориш медиҳад.
Тавре манбаъ менависад, дар деҳаҳои "Навобод-4" ва "Навобод-5"-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони манзилҳои нав барои оилаҳое, ки 7-8 майи соли равон бар асари офати табиӣ зарар диданд, бомаром идома дошта, аллакай девори якчанд хонаҳо қомат афрохтааст.
"Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карда, бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон шинос шуда, аз аҳволи зисти сокинони маҳаллӣ пурсон шуд", - афзудааст дафтари матбуот.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист, таъмини шароити мусоиди будубош барои зарардидагони офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Ёдовар мешавем, 7-8 майи соли равон дар деҳаҳои "Навобод 4" ва "Навобод 5" - и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт ва 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор дошт.
Дар пайи ҳодиса ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида (167 хонавода) ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Ба оилаҳои зарардидаи мавзеи мазкур масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид.
Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда гардида, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.
Кӯчонидани аҳолӣ ба хаймаҳои муваққатӣ: 19 манзил дар деҳоти Ифтихор пурра хароб гардид
Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав таҳия гардида, сохтмон аз рӯи он бомаром идома дорад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба оилаҳои зарардида 20 адад зарфҳои обгирии ғунҷоишашон 500-литра кумак карда шуд. Ҳамчунин барои пухтани нон 20 дона танӯр ба ҳар як оила дастрас ва насб карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0